Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар маркази ноҳия, шаҳраки Меҳрон бо муҳоҷирони меҳнатии ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо, оиди қонунигардонии будубоши шаҳрвандон дар қаламрави Федератсияи Россия, тартиби бақайдгирии ҷойи зист, гирифтани иҷозатнома барои кор (патент), пайваста огоҳи пайдо кардан волидайн аз зиндагӣ ва кору фаъолияти муҳоҷирон, пешгирӣ аз гурӯҳҳои ифротӣ, пушидани сару либоси ба миллати мо бегона вохӯрии навбатӣ анҷом дода шуд.
Дар вохӯрӣ оиди масъалаҳои дар боло зикргардида андешаронӣ кардашуда, ҳамзамон пиромуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” низ суханронӣ ва пурсишу посухҳои ба маврид сурат гирифт.
Инчунин, корманди бахши Хадамоти муҳоҷират иброз намуд, ки солҳои охир бо мураккаб шудани вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир, арзиши истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ва дар умум, пойдории давлатдории миллӣ, яке аз масъалаҳои мубрам маҳсуб мешавад. Омилҳои номбурда дар умум боис шуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбтяи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул карда шавад. Яке аз афзалиятҳои муҳими ин қонун дар он аст, ки дар қонун тарбияи ватандӯстӣ на танҳо аз дидгоҳи ҳуқуқӣ, балки бо фарогири паҳлуҳои иҷтимоиву фалсафӣ ва фарҳангиву ахлоқи таҷассум ёфтааст.
Дар охир ба самъи шунавандагон оиди ҷойҳои кории холӣ дар НБО-и “Роғун” расонида шуд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

