Ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории ин миллати соҳибтамаддун аст. Парчам дар тўли таърихи миллати тоҷик нақши муҳим дошт.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрўз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, албатта, он дар як заминаи хушку холӣ ба миён наомадааст ва аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ дар иртибот ба омода кардани он истифода шудааст.
Дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, Парчами Тоҷикистон мавриди қабул қарор гирифт ва пўшида нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди он олимон ва аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод карданд ва Парчами давлати тоҷик, ки имрўз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст, бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни пешазисломӣ ва баъдиисломии мардуми мо аст, яъне тамоми арзишҳои миллию таърихии моро ифода мекунад.
Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб мешавад. 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд ва дар ҷумлаи оғози ин Низомнома омадааст: “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”. Тамоми муқаддасоте, ки дар Ватани мо ҳаст, ҳам муқаддасоте, ки ба фарҳанг алоқаманданд, ҳам ба гузаштаи пурифтихор ва ҳам ба имрўзи мо, ба идеалҳои мо алоқамандӣ доранд, ҳама дар ҳамин ҷумла нуҳуфта аст, яъне Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ду рамзи дигар, яъне Нишон ва Суруди миллии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, рамз аст, рамзи давлатӣ аст.
Бояд гуфт, ки рамзҳо хеле муқаддас мешаванд ва дар баробари ин он аломату рангҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну мўҳтавои амиқ доранд, ки дар онҳо агар аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо то ба имрўз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд.
Парчами давлатии ҳар як кишвар рамзи қудрату тавоноӣ ва нурҳои ақлонии фарҳангии ҳамон кишвар аст, ин як рамзи бисёрмаъно буда, он ба воситаи муқоиса дар ақли инсон дарк мешавад. Он тасвири рангҳо, тоҷ ва ҳафт ситорае, ки дар Парчами давлатии мо акс ёфтаанд, мазмунҳои зиёдеро дар худ таҷассум кардаанд.
Аммо ба таври амиқи тасдиқшуда ранги сурх дар парчам ин мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед – бахту иқболи сафед ва покизагӣ буда, ранги сабз – саъю кўшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанамон мебошад. Тасвири тоҷ дар парчам – ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияти кишвар буда, ҳафт ситора – ин ҳафт иқлим, ҳафт минтақаи Тоҷикистон, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт қабати осмон, ҳафт рўзро ифода менамоянд.
Парчами давлатӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару ҳар халқ аст. Рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин. Парчами давлатӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами давлатӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Ҳамаи инро дар зеҳн нигоҳ доштани ҳар сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим аст.
Комрони Ғафурҷон,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Тоҷикобод

