Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2024 ва ҷонибдории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” қабул гардид. Ин қонун яке аз санадҳои муҳими танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоӣ дар самти таълиму тарбияи насли наврас буда, ҳадафаш таъмини рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, риояи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои онҳо мебошад.
Гуфтан зарур аст, ки ҳамзамон тибқи моддаи 24-и қонуни мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2 августи солии 2011, ки дар тӯли 13 сол дар кишвар нақши муҳим ва муассир дошт аз эътибор соқит дониста шудааст.
Меъёрҳои Қонуни нави қабулгардида заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад, то ҳам ҷомеа ва ҳам ҳар як оила дар масъулияти худ нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд равшан бошад ва нақши худро дуруст иҷро намояд. Дар пояи он ғояи “Кӯдак сармояи миллат” ва “Оила бузургтарин мактаби ҳаёт” қарор дорад.
Қонун дар моддаи 13-и худ таъкид мекунад, ки новобаста аз он ки падару модар якҷоя зиндагӣ мекунанд ё ҷудо, онҳо дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд. Танҳо қонун метавонад ҳолатҳое муайян кунад, ки ин баробарӣ метавонад бо тартиби дигар амалӣ гардад. Ин меъёр эҳтимоли баҳсҳои оилавиро коҳиш дода, дар мадди аввал манфиати кӯдакро мегузорад.
Ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак;
Моддаи 14-и Қонун як қатор ҳуқуқҳои муҳимро барои волидон пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, онҳо ҳақ доранд: ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии фарзанди худро ҳимоя кунанд; муассисаи таълимии мувофиқро интихоб намоянд; дар ҷараёни таълим, аз ҷумла сифати донишомӯзии кӯдак, назорат ва иштирок дошта бошанд; аз операторони алоқа маълумоти ройгон дар бораи истифодаи телефон ё интернет аз ҷониби кӯдак гиранд; ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба муассисаҳои таълимӣ муроҷиат кунанд; раванди азхудкунии барномаҳои таълимиро назорат намоянд; бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои таълими кӯдак шартнома банданд ва ғайраҳо.
Ин ҳуқуқҳо яке аз унсурҳои муҳимми ҳамкории оила ва муассисаҳои таълимӣ мебошанд, зеро таълим танҳо вазифаи мактаб набуда, масъулияти мустақими оила низ мебошад.
Уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак:
Моддаи 15-и Қонун қоидаҳои дақиқеро пешбинӣ мекунад, ки барои таъмини таҳсили босифат волидон бояд риоя намоянд. Аз ҷумла: таъмин кардани таҳсил ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои омӯзиши кӯдак; набояд ба таҳсилоти миёнаи умумӣ монеа шаванд; кӯдакро бо лавозимоти таълимӣ таъмин намоянд; назорати шакли зоҳирӣ ва риояи либоси ягонаи муассисаҳои таълимӣ; ба кӯдакони дорои имконияти маҳдуд шароити махсус муҳайё кардан; ҳамкорӣ бо омӯзгорон ва маъмурияти мактаб; ҷилавгирӣ аз гирифтани таълими ғайриқонунии динӣ; пешгирӣ аз пешниҳоди туҳфа ва дигар пардохтҳои ғайриқонунӣ ба кормандони муассисаи таълимӣ.
Ин уҳдадориҳо ба он равона шудаанд, ки муҳити таълимӣ шаффоф, солим ва барои рушди зеҳнии кӯдак мусоид бошад.
Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи кӯдак:
Моддаи 16-и Қонун муфассалтар буда, 32 уҳдадории муҳими падару модарро дар самти тарбия муайян мекунад. Аз ҷумла: гузоштани номи нек тибқи арзишҳои миллӣ; фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак; тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳо; ҷилавгирӣ аз зӯроварӣ ва муносибатҳои таҳқиромез; манъи гаштугузори кӯдакони то шашсола бидуни ҳамроҳ, инчунин манъи ҳузури кӯдакон дар марказҳои компютерӣ баъд аз соати 18:00; пешгирӣ аз рафторҳои зиддиахлоқӣ, харобкорӣ, истифодаи моддаҳои мамнӯъ; манъи тамошои маводи террористӣ, экстремистӣ, порнографӣ ва зӯроварона; назорати истифодаи интернет ва телефон; пешгирӣ аз ҷалби кӯдак ба корҳои ғайриқонунӣ ё ба корҳое, ки ба саломатӣ ва тарбия зарар доранд.
Дар маҷмӯъ, меъёри моддаи мазкур падару модарро водор мекунад, ки ҳам бахши ахлоқӣ, ҳам фарҳангӣ ва ҳам рафтории тарбияи кӯдакро таҳти назорати доимӣ нигоҳ доранд.
Ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд
Мувофиқи моддаи 17-и Қонун, шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд, аз ҷумла васиён, тарбиягирандагон ва ғ., дорои ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар мебошанд. Ин меъёр кафолат медиҳад, ки кӯдакон дар ҳама шароит аз ғамхории баробар баҳраманд гарданд.
Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун
Моддаи 23 таъкид мекунад, ки риоя накардани талаботи қонун аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ боиси ҷавобгарӣ мешавад. Ин маънои онро дорад, ки давлат масъулиятҳои оилавиро таҳти назорати қонунӣ қарор медиҳад ва барои ҳифзи манфиатҳои кӯдак механизмҳои мушаххас муқаррар намудааст.
Хулоса, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” яке аз қадамҳои ҷиддӣ дар роҳи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва тақвияти масъулияти оила дар ҷомеа мебошад. Таълиму тарбия танҳо вазифаи мактаб ё давлат нест — ин рисолати муқаддаси ҳар як падару модар аст. Бо иҷрои дақиқи меъёрҳои ин қонун мо метавонем барои насли оянда муҳите созанда, бехатар ва пур аз имконият фароҳам оварем.
Тарбияи насли солим, пеш аз ҳама аз хонавода оғоз меёбад. Вақте ки падару модар ба фарзанд таваҷҷуҳ, муҳаббат ва масъулият нишон медиҳанд, ҷомеа низ солим ва устувор мегардад.
Фаридун Алимардонов,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён

