• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Парчами давлатӣ рамзи ифтихори миллӣ

Migration Service by Migration Service
18.11.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Парчами давлатӣ рамзи ифтихори миллӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Парчам рамзи истиқлолият ва соҳибдавлатӣ буда, ҳамчун муқаддасоти давлат мебошад. Парчам муаррифгари давлату миллат мебошад, ки таввасути он ҳар давлат дар муаррифии худ ҳамчун рамзи давлатиаш дар арсаи ҷаҳонӣ худро нишон медиҳад. Парчам инчунин ифтихормандӣ ва шарафмандист. Дар баъзе муаррифнномаҳо давлатҳои гуногунро танҳо тавассути парчамҳояшон мешино­санд ва муаррифӣ менамоянд. Тоҷикистони азизи мо низ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дорои муқаддасоти худ буда, яке аз онҳо парчам мебошад, ки 24 ноябри соли 1992 қабул гардид. 

Доир ба таърихи пайдоиши парчам назару ақида­ҳои олимон гуногунанд. Бештари онҳо ба он назаранд, ки парчамҳои аввалин ҳамчун рамзи лашкар ё низоми ҳарбӣ будааст, ки баъдан пирӯзиҳои он лашкарҳо ба пайдоиши аввалин давлатҳои пуриқтидор оварда расонидааст. Онро ба давраҳои то солшумории милодӣ мансуб медонанд. Лашкари ҳар кадом иттиҳоди ҳарбӣ ё низомӣ, ки байни худ меҷангиданд ранг ва тарзҳои гуногунро дар бар мегирифтанд. Албатта, ҳар як нафари дар ин низом буда, бо он рамзи худ ифтихор мекард.

Ҳатто барои парафшон нигоҳ доштани он ҷони худро дареғ намедошт. Он дар натиҷаи марҳилаҳои рушду инкишофи ҷомеа тағйир ёфта инкишоф меёбад. Дар замони ҳозира бошад, парчам ҳамчун рамзи истиқлолият, озодӣ ва нишонаи давлатҳои алоҳида шинохта шудааст. Тоҷикистон низ дар ин асно марҳилаи хоси таърихии пайдоиш ва инкишофи парчамро доро мебошад.

Тоҷикон дар парчаму парчамдорӣ таърихи қадима дошта, нисбат ба парчам ҳамчун рамзи пирӯзию комёбӣ ва зафарёбию озодӣ эҳтироми махсус дошта, онро муқаддас медонистанд. Дар “Шоҳнома”-и Абдулқосими Фирдавсӣ дар “Достони Заҳҳок ва Коваи оҳангар” махсус таъкид мешавад, ки чи гуна Кова пешбанди чармии хешро бар сари найза кашида, халқро ба шӯриш даъват мекунад ва ба пирӯзӣ мерасад.

Аз он пас шоҳ Фариддун парчами худро бо номи “Дирафши Ковиёнӣ” аз зару зевар тартиб дода, парафшон мекунад ва онро муқаддас меҳисобад. Баъдан парчам дар таърихи давлатдории мо тоҷикон ҳамчун рамзи озодӣ, пирӯзӣ ва муқаддас, марҳилаҳои гуногуни инкишоф ва тағйирёбии рангу намуди худро аз сар гузаронидааст. Лекин дар ҳама давру замон халқи мо нисбат ба парчам эҳтироми махсус дошта, ба он арҷ мегузоштаанд. Нисбат ба парчам дар назм ва насри тоҷик маълумоти хеле зиёдеро пайдо намудан мумкин аст. Шумораи шеърҳои зиёд ва ҳатто асарҳои махсус ба номи парчам аз тарафи нависандагону шоирони мо иншо шудааст. Ин, албатта, шаҳодати гуфтаҳои болост.

Таърихи номгузории парчам дар давлатдории мо гуногун буд ба мисли: дирафш, алам, ливо, байрақ ва баъдан парчам ивази ном мекунад. Боиси ёдоварист, ки 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд. Боби дуюми қонуни мазкур ба “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон” бахшида шуда, тамоми қоидаҳои муносибат ба парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва истифода­барии онро муайян менамояд. Албатта, яке аз муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон мебошад.

Парчам ва хусусиятҳои муқаддасотии он, пеш аз ҳама, зарур аст, дар миёни насли наврасу ҷавон бештар муҳокима шуда, онро эҳтиром намоянд ва тамоми хусусиятҳои муқаддасотии онро аз худ кунанд. Ҷавонон ва шаҳрвандонро мебояд, дар бораи парчам маълумоти кофӣ дошта бошанд, бад ин васила муқаддас будани онро донанд. Парчам рамзи ифтихори ҳар як сокинони мамлакатамон мебошад, зеро ки ҳар сокини солимфикри кишвар дар ҷодаи интихобнамудааш саъй намудан мехоҳад, ки ба музаффариятҳо бирасад дар ин маврид ӯ ҳамчун шаҳрванди худогоҳ муқаддасоти миллиро арҷ мегузорад.

Бо шарафи варзишгаронамон, ки  дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пирӯз мешаванд, ҳатман парчами миллӣ парафшон мегардад ё ҷавоне, ки дар кодом як касбу коре муваффақ мешавад. Дар ҳолати парафшон будани парчами давлатӣ бояд ғурури миллии ҳар як ҷавони ватандӯст баланд шавад. Барои шиносони­дани ҳар як давлат дар сатҳи байналмилалӣ дар мусоби­қаву олимпиадаҳо, семинару конференсияҳои гуногун танҳо шаҳрвандони бонангу номусаш метавонанд, ки парчамбардорӣ давлат бошанд. Хушбах­тона, Тоҷикистони ҷавони моро имрӯзҳо акса­рият давлатҳо ва ташкилотҳову созмонҳои ҷаҳон шинохта эътироф менамоянд.

Овезон будани парчами даватӣ дар саҳни бинои СММ ва дигар ташкилотҳои ҷаҳонӣ боиси ифтихор мебошад. Ташаббусҳо ва комёбиҳои ҳар як шаҳрванди худшиносӣ ин Ватан дар сатҳи ҷаҳонӣ ин дастовардҳои давлату миллат ҳисоб мешавад, ки он ташаб­бусҳо метавонанд миллату давлати моро дар ҷаҳон муаррифӣ намоянд.

Ғояи баланди ҳисси ифтихормандӣ аз муқаддасоти давлатӣ, бахусус парчами давлатӣ ин албатта аз корнамоиҳои ва ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда, дар шинохт ва тарғиби арзишҳои олии  Истиқлоли давлатӣ дар арсаи ҷаҳонӣ бо пешниҳодҳои созанда, пешниҳод барои ҳаллӣ масъалаҳои мубрами глобалӣ, баргузори нишастҳо ва ҳамоишҳои сатҳи баланд дар пойтахти мамлакат, инчунин ҳамовозӣ гардидани он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, мояи ифтихори миллати тамаддунофари мо мебошад.

Имрӯзҳо парчами давлатии мо дар маркази пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе парафшон буда, он баландтарин парчами дунё шинохта шудааст. Парчами давлатиамон имрӯзҳо, дар баландии 165 метр парафшон мебошад, ҳар маротибае, ки ба пойтахт ворид шавем ҳатман ба назарамон парчами муқаддасамон намудор мегардад. Бо дидани он бояд ватандӯстиву ватанпарастӣ, шуҷоату далерӣ дӯстиву рафоқат, сулҳу ваҳдат, ғурури ватан­дорӣ ва ҳимояи марзу бум дар ботини ҳар як ҷавон ҷо бигирад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 – уми ноябрро ҳамчун рӯзи Парчам эълон намудааст, ин, албатта, таваҷҷуҳи ҳукумат нисбат ба парчами давлатӣ, яъне ба хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мебошад, ки онро бояд бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифт ва ба ин васила огоҳ шудани насли наврасу ҷавон ба арзишҳои муқаддаси миллӣ мебошад. Дар ин замина, ҳар як шаҳрванд, махсусан, ҷавононро зарур аст, ки нисбат ба муқаддасоти миллӣ, махсусан парчами давлатӣ эҳтироми хосса ба ҷо оварда, онро муқаддас шуморанд.    

Абдулфайз Сафаров,

Мутахассиси пешбаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб

Previous Post

Тарбияи кӯдак – масъулияти муштараки оила, мактаб ва ҷомеа

Next Post

Вохӯрии судманди гурӯҳи фаҳмондадиҳӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Кушктеппаи ноҳияи Темурмалик

Next Post
Вохӯрии судманди гурӯҳи фаҳмондадиҳӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Кушктеппаи ноҳияи Темурмалик

Вохӯрии судманди гурӯҳи фаҳмондадиҳӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Кушктеппаи ноҳияи Темурмалик

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.