• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии судманд баҳри пешгирии экстремизм ва террроризм

Migration Service by Migration Service
19.11.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии судманд баҳри пешгирии экстремизм ва террроризм
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар масҷиди ҷомеаи деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор вохӯрии судманд бо намозгузорон ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, аз қабили пешгирии экстремизм ва терроризм, ҷинояткорӣ, тақлид ба фарҳанги бегона ва шарҳу тавзеҳи мафҳумҳои асосии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия суханронӣ намуда, қайд карданд, ки вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори давлатҳо таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст.

Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паём “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 26-уми январи соли 2021 зикр намуданд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.

Таъкид карда шуд, ки ба масъалаи зуҳуроти номатлуб ва хатарноки экстремизм ва терроризм аҳамияти ҷиддӣ бояд диҳем. Зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ҷанбаҳои идеологӣ ва тарғиботии созмонҳои ифротӣ муборизаро пурзӯр намоем. Ҷавонону наврасонро ба корҳои ҷамъиятӣ ба монанди созмонҳои ҷавонон, ҷамъиятҳои гуногуни дӯстдорони китоб, дӯстдорони табиат, машғулиятҳои варзишӣ, машғулиятҳои иловагии таълимии фаннӣ ва ҳунарҳои гуногун ҷалб намоем. Мо дар замоне кору фаъолият карда истодаем, ки дорои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ҳастем. Барои дарк, ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани ҷавонон аз падидаҳои номатлуб дар пояи волоияти қонун ба ҳамдигар мусоидат намоем.

Дар ҷараёни мулоқот намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ ибрози назар кард. Таъкид намуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.

Ҳозирин, ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.

Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.

Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии судманди гурӯҳи фаҳмондадиҳӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Кушктеппаи ноҳияи Темурмалик

Next Post

Суҳбати самимӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо

Next Post
Суҳбати самимӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо

Суҳбати самимӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.