Мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи кории доимоамалкунандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор бо волидон, омӯзгорону хонандагони МТМУ №47-и деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти Истиқлол доир гардид.
Масъулин оид ба шукргузорӣ аз фазои ороми ватан дар доираи мавзуъҳои асосии рӯз ба монанди истифодаи оқилонаи қувваи барқ, тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, хизмати Модар-Ватан, нагаравидани насли ҷавони кишвар ба гурӯҳи ифротиву тундрав, дурӣ аз падидаҳои хатарзои аср ба монанди терористиву экстремистӣ, муҳоҷирати бехатар, омӯзиши забонҳои хориҷа ва касбҳои гуногун, сулҳи пойдори миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ, муқаддасоти миллӣ ва ғайра мавзӯъҳои мубрами ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мутамаддин баёни андеша намуданд.
Сипас, аъзоёни гурӯҳ оид ба сиёсати ҷавонон, сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ба роҳ мондани муносибатҳои нек ва судманд бо кишварҳои ҳамсоя ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар асраи байналмиллалӣ, татбиқи “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи танзим ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз андешаҳои хешро баён карданд.
Аз ҷониби худ, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.
Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

