• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Парчам – рамзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон

Migration Service by Migration Service
20.11.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Парчам – рамзи истиқлоли давлатии Тоҷикистон
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Инсоният дар таърихи тӯлонии хеш вобаста ба вазъу ҳолатҳои гуногун ва печида ба ҳадафҳояш рамзҳои зиёдеро эҷод ва корбаст намудааст. Агар ба таҳқиқ бингарем, ҳар як рамз то ҷое рӯшангари саргузашти қавмеву нажоде ва миллатеву давлатест. Аз ин миён парчам ҳамчун рамз таърихи рангинтарину деринтареро дорост. Бостоншиносон истифодаи онро ҳанӯз дар солҳои то милод таъкид ва собит намудаанд. Парчам бо гузашти айём ҳамчун рамз он чунон мавқеъ устувор кардааст, ки имрӯз ҳеҷ як давлатеро наметавон бидуни он тасаввур кард.

Дар саргузашти мардуми тоҷик низ парчам ва парчамдорӣ бо ҳикояте басо ҷолибу ҷозиб ҳамбастагӣ дорад. Ин ҳикоят тавассути “Шоҳнома”- и безаволи Фирдавсии бузўрг то ба рӯзгори мо расида.

Бино ба ҳикояти муаллифи “Шоҳнома” Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳоки Морон, ки дар радифи ҷавонони зиёди кишвар ҳабдаҳ писари ӯро низ тӯъмаи морон карда буд, ба дод омада, ба рағми ин шоҳи хунхор мешӯрад ва пешгири чармии худро ба сари найза кашида, халоиқро ба шӯриш даъват мекунад ва  ба пирӯзи мерасад. Ба ин васила шоҳ Фариддун ба сари тахт меояд ва он пешгири Коваи музаффарро “ковиёни дурафш” (дирафши Ковиёнӣ) мехонаду бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад. Бояд гуфт, ки дурафш (шакли дигараш дирафш) аз муродифҳои бостонии парчам аст.

Аслан парчам дар саросари ҷаҳон рамзи маъруфу бостонист. Мувофиқи маълумоти ин сарчашма сароғоз парчам бештар чун рамзи нерую тавоноӣ, лашкаркашию кишваркушоӣ пазируфта шудааст. Бояд гуфт, ки дар фарҳангу луғатномаҳо ва дар осори бадеӣ муродифҳои зиёди вожаи парчам истифода шуданд, ки аз ин миён шаш вожаи зерин бештар маъруфанд: дирафш, алам, ливо, байрақ парчам, роят.

Пас аз таҳия ва барраси дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба зери Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” имзо гузошт, Боби дуюми ин қонун “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном гирифтааст ва аз 2 модда (1.Тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2.Ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) иборат мебошад. Дар қонуни мазкур тамоми қоидаҳои марбут ба муносибат ба Парчами давлати ва истифодаи он муайян шудааст.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии тоҷикистон, иттиҳоди вайрон нашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дустиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳури мебошад.  Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқи иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайни якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рангҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷи тансиқ шуда ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Мутобиқати бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷа ҷой дода шудаанд.

Бо ибтикори Президенти мамлакат 24-ноябр рӯзи парчами давлати эълон гардид ва ин рӯзи муборак минбаъд ҳамасола бошукуҳу тантана таҷлил хоҳад гашт ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқадасоти давлат аз ҷумла парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастии давлати моро ифтихори миллии моро ифода мекунад, парчаме, ки гувоҳи барҷастаи истиқлолияти давлатии мо таҷассумгари ғурури милли ва ору номуси ватандории мост. Оре парчами давлати аз муҳимтарин муқаддасоти давлати мост. Чи қадар лаҳзаҳои муассиру ҳаяҷонбахш ва низ пурифтихор буданд лаҳзаҳое, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон баҳри садоқат ба халқу ватан хидмати фидокорона ба мардум қасам ёд карда сари таъзим ба парчами давлати фуруд овард ва бо камоли эҳтирому эътиқод гушаи онро бибусид ба чашм молид.

Миллати бостониву сарафрохта ва соҳибғуруру тамаддуновари мо давлати соҳибистиқлолу шарафманди мо – Тоҷикистони азиз ҳамеша устувору пойдор ва парчами давлатии он чун дар боми кохи миллат то абад парафшону дурахшон бод.

Хайридинзода Исфандиёр,

Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

Previous Post

Идомаи мулоқоту вохӯриҳои судманд бо сокинони ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Фархор

Next Post

Мубориза ба коррупсия амали дастаҷамъона

Next Post
Мубориза ба коррупсия амали дастаҷамъона

Мубориза ба коррупсия амали дастаҷамъона

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.