• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Парчам – сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ

Migration Service by Migration Service
20.11.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Парчам – сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Парчами давлатӣ 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул гардида, ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва муқаддасоти миллӣ моро ба сӯйи созандагию бунёдкорӣ ва саодату хушбахтӣ раҳнамун месозад.

Аз ин ҷиҳат, Рӯзи Парчами давлатӣ, ки ҳамасола санаи 24-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, ҳамчун Рӯзи Истиқлолият, Иди Забон, Рӯзи қабули Конститутсия ва Рӯзи Президент аз ҷумлаи иду ҷашнвораҳои даврони соҳибистиқлолӣ буда, гувоҳи барҷастаи эҳтирому арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.

Парчами миллӣ рамзи соҳибдавлатӣ, шуҷоату матонат, нангу номус, иқтидору иттиҳод, иродаи қавӣ ва рӯҳи матини мардуми тоҷик мебошад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, парчамбардори созандагию бунёдкорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад.

Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад.

Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем”.

Парафшонии парчами миллӣ ба ҳисси худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҳар кадоми мову шумо вобаста аст. Агар мо ҷасорат дорем, зиракии сиёсӣ, мавқеъгирии усулӯ ва бедории миллӣ дорем, агар мо аз оромиву осудагии падару модар ва хонадонамон меандешем, пас, мо омодаем, ки дар ҳифзи ин марзу буми аҷдодӣ ва ҷилваи парчами давлатӣ ҷонамонро фидо кунем. Ҳамин аст моҳияти ниҳоиии худшиносии миллӣ ва дӯсти доштан Ватан – Модар!

Зимни суханронияшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бастагӣ изҳор доштаанд: “Дар замони соҳибистиқлолӣ парафшон гардидани баландтарин Парчами давлатӣ дар пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе идомаи суннати қадимаи парчамдории халқамон ба ҳисоб меравад”.

Ҳар гаҳе сухан оид ба моҳияти парчам ва нақши он дар сарҷамъиву муттаҳидии миллат меравад, пеш аз ҳама, ба забон овардани худи вожаи парчам ба мо як ҳисси бовару нангу виқору ифтихори миллӣ мебахшад, ки бешак ин таъсир аз аҳамияти парчам дар масири давлатдорӣ бармеояд.

Метавон гуфт, ки яке аз омилҳои фурӯ нишондани алови ҷанги таҳмилии бародаркӯш ин ба ҳам омадани миллати тоҷик дар атрофи парчами давлатӣ, яъне дар атрофи як меҳвари муттаҳидсозанда мебошад. Чунки то он даме, ки миллати тоҷик рамзҳои давлатдории худро дар иҷлосияи 16–уми Шӯрои Олӣ тасдиқ накард, мардуми аз ҷанги шаҳрвандӣ ҷафодидаи тоҷик, ки онро душманони миллати тоҷик ба сари мо оварданд, ба ояндаи Тоҷикистони тозаистиқлол то дараҷаи зарурӣ бовар надоштанд.

Қабули рамзҳои давлатӣ аз зинаҳои барқарорсозии давлатдории миллӣ маҳсуб мешаванд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд: “Мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдоди худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои зафар сарҷамъ бошем”.

Имрӯз мо, тоҷикон бо парчами миллии худ ифтихор дорем ва тамоми сайъу талоши хуро содиқонаву аҳлона ба кор мебарем, ки ин рамзи ошносози давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ҳамеша парафшону пурҷило бошад.

Шарипов Тоҳир,

Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Мубориза ба коррупсия амали дастаҷамъона

Next Post

Таҳдиди ҷиддӣ ба суботи ҷомеа

Next Post
Таҳдиди ҷиддӣ ба суботи ҷомеа

Таҳдиди ҷиддӣ ба суботи ҷомеа

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.