Имрӯз дар тамоми ҷаҳон ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротӣ арзи вуҷуд доранд, ки ҷавононро гумроҳ сохта, ба корҳои зишт далолат мекунад. Тибқи маълумотҳо дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи терррористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.
Инқилоб, муборизаҳои озодихоҳонаи халқу миллатҳо, намоишҳои эътирозӣ, гирдиҳамоиҳои оммавии кӯшиш баҳри ислоҳоти соҳаи идории давлат барин саҳнаҳо дар ҳар як гӯшаи олам сар задаанд ва ҳатто аз доираи як давлат берун баромада, мувофиқи дараҷа ва характери зоҳиршавии худ тағйироти ҷузъиву куллиро дар олам падид овардаанд. Ҳамроҳ бо ин ҳама воқеот ва он пешрафту тарраққиёте, ки ба вуҷуд омаданд, якчанд падидаҳои канораву харобу фасодсози ҷомеа амсоли шовинизм, генотсид, экстремизм, терроризм ва ғайра пайдо гардида, рушд мекунанд, ки бо характеру хусусияти худ майлонҳои дар боло зикршударо рад месозанд. Аммо дар муаррифӣ худро муборизони он роҳ эълон медоранд. Ҳамаи ин зуҳурот ҳамқадами инсон ва ҷомеа буда, доимо дар олам чун занги таҳдид садо медиҳад, ки дар байни онҳо терроризм ҷои махсусро мегирад.
Бояд қайд кард, ки ҳар як амали бад аз майнаи бадхоҳ бармеояд. Терроризм низ маҳсули ҳамин навъи майнаи инсонист. Он як навъ таҳдидест ба инсоният. Имрӯзҳо ҳолати фаъолияти терроризм тавре шакл гирифтааст, ки аз кӯдаки хурдсол то мӯйсафед метавонад амали террористӣ содир кунад. Бинобар ин дар назди давлатҳои олам вазифаи меҳварӣ бо роҳҳои самараноку таҳқиқшуда ҳар чи зудтар маҳв ё нест намудани сатҳи фаъолияти он меистад.
Дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна таҳдидҳо дар мадди аввали эътибори давлату ҳукумат ва қишри ҷомеа қарор мегирад. Дар мубориза ба муқобили ин барҳамзанандаи оромии аҳли башар моро зарур аст, ки дастаҷамъона тамоми аҳолӣ бо мақомот пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад. Барои решакан намудани ин зуҳуроти хатарнок бояд ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон, бо масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисси баланди ватанпарварӣ амал намоянд. Пешгирии ин офат аз оила оғоз меёбад, тарбияи дурусти фарзанд, баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ ва маърифатӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва эҳтиром ба қонун роҳест, ки ҷомеаро аз чунин хатар эмин нигоҳ медорад.
Имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ин аст, ки бо тамоми масъулият дар роҳи муқовимат бо ин зуҳуроти хатарнок амал намуда, барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад.
Назруллозода Муҳаммадраҳим,
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рӯдакӣ

