Хушбахтона, баъди садсолаҳо бо шарофати ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик аз нав соҳиби Парчами миллӣ гардид. Дар баробари ин, Истиқлоли давлатӣ ба мо барои таҷлили тамоми ҷашнҳои таърихӣ ва миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити хеле мусоид фароҳам овард.
Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии кишвар буда, дар баробари Конститутсия, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ аз шумори рамзҳо ва муқаддасоти давлат маҳсуб меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи худро дорад. Парчами нави давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст. Барои таҳияву пешниҳод ва қабули рамзҳои нави Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати ду сол неруи эҷодӣ сарф гардид.
Аввалҳои соли 1990 аз ҷониби Шӯрои Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои таҳия намудани рамзҳои нави давлатӣ, озмун эълон карда шуд ва дар ин озмун тахминан 250 нафар ширкат варзиданд. Вобаста ба таҳияи рамзҳои нави давлатӣ комиссияи махсус ташкил карда шуд, ки сарварии ин комиссияро президенти ҳамонвақтаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ӯҳда дошт. Аз ҷониби муаллифон ва гурӯҳҳои эҷодии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ вобаста ба лоиҳаи рамзҳои нави давлатӣ зиёда аз дусад пешниҳод ворид гардид. Аз тарафи муаллифон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ҳамчун матои росткунҷаи серахаи рангаи уфуқӣ, иборат аз ранги сурх, сафед ва сабз пешниҳод шуд, ки рахи ранги сафед якуним баробари рахҳои ранги сурх ва сабз ва бари матоъ бошад, якуним баробари дарозии онро ташкил мекард.
Дар аввал ба сифати ангораҳои асосӣ муаллифон дар Парчами давлатӣ нақши шер, тоҷ ва ситораҳоро нақшнигорӣ намуданд. Нақши шер аз анъанаҳои форсу точик сарчашма гирифта, бохирадӣ, ҷасурӣ ва адолатро ифода менамуд. Баъд аз ин гурӯҳи корӣ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи нақши шер нақши тоҷ ва ҳафт ситораро ҷой намуд. Нақши тоҷ, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Точикистон ҷой дода шуд, ин рамзи давлатдории халқи тоҷдори тоҷик, яъне тоҷ муттаҳидсозии давлату миллатро таҷассумгар мебошад. Дар баробари нақши тоҷ дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши ҳафт ситора дар қисми болои тоҷ дар шакли нимдоира ҷой карда шудааст, ки рақами ҳафт ҳамчун рақами муқаддас ва оварандаи хушбахтӣ маънидод карда мешавад. Дар аввал ба ақидаи муаллифони Парчами давлатӣ, ҳафт ситора ҳамчун ифодагари ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷик маънидод шуда буд.
Ҳоло бошад, ҳафт ситора, ин ифодагари ҳафт минтақаи таърихию мадании кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон. Дар давраи фаъолияти комиссия оид ба пешниҳоди лоиҳаи рамзҳои давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро ба даст овард, ки муаллифон бо дарназардошти ташкилшавии давлати навини тоҷикон ва ба даст овардани истиқлолият, арзишҳои миллии таърихию фарҳангии халқамонро ба назар гирифта, ранги сурхро, ки дар Парчами давлатӣ ҷой дода шудааст, ҳамчун ифодагари мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед – бахту иқболи сафед, нияти неки халқамон ва ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишварамон сабзу хуррам мешавад, маънидод карда шуд. Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.
Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷассумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси навинтихобгардидаи Шӯрои Олии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабули он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд. Рӯзи дигар, яъне 25 ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон–Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори маҷлис ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, қасам ёд намуданд.
Бояд қайд намуд, ки пас аз ин, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои қасри Арбоб дар шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, барафрохта шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”-ро ба Парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд. Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.
Резвонов Салоҳиддин,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Сангвор

