25 ноябри соли 2025 дар толори Хадамоти муҳоҷират машғулияти назариявӣ дар мавзуи “Шарҳи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ” бо иштироки прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо Маҳмуродзода Сиёвуш Алихон доир шуд.
Ҷаласаро муовини сардори Хадамоти муҳоҷират Заробов Раҳмоналӣ ифтитоҳ намуда, оид ба равандҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, “сиёсати дугона” нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намуд.
Сипас прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо Маҳмуродзода Сиёвуш Алихон ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба сифати кишвари пешсаф дар самти мубориза бо терроризму экстремизм эътироф гардида, дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок мубориза мебарад. Дар ин робита қабул ва мавриди амал қарор гардидани Консепсияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, стратегияҳои миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020 ва 2021 – 2025, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва дигар барномаҳо оиди муқовимат ба терроризм ва экстремизм муҳим аз иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд мебошад.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар асри ХХI инсоният бо хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ гаштааст, ки терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи онҳо аст. Экстремизм ва терроризм, ҳамчун хатари бузург ба амнияти миллии давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунад. Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо ин вабои аср, пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризм чораҳои ниҳодӣ ва фарогир андешида, як қатор барнома ва қонунҳои дахлдор қабул намудааст. Аз ҷумла, “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намудааст.
Дар фарҷом даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, алалхусус ҷавонон, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанду барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии кишвар талош варзанд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират
