27-уми ноябри соли 2025, дар Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ”, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба таҷлили 31-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва бо мақсади қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои умумишаҳрии ҳизбӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, таҳти унвони “ҲХДТ – меъмори давлатдории навини тоҷикон” ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Қисмати расмии ҳамоиши бошукӯҳ бо суханронии роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ – Хонзода Абдураҳмон Умар оғоз ёфт.
Мавсуф, нахуст кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар пойтахтро ба ифтихори 31- солагии таъсисёбии ҲХДТ табрику шодбош гуфта, аз ҷумла иброз дошт, ки саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории навини тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели возеҳанд, ки мақом ва ҷойгоҳи ҲХДТ дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон, бориз мебошад.
Дар идома, маросими қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои умумишаҳрии ҳизбии “Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол”, “Ташкилоти ибтидоии фаъол”, Ташкилоти ибтидоии фаъол дар маҳаллаҳо (шаҳрак)”, “Вакили ташаббускор”, “Корманди шоиста”, “Беҳтарин таблиғотчии ҳадафҳои барномавӣ” ва “Хабарнигори варзида” доир гардид.
Хурсандиовар аст, ки Ташкилоти ибтидоии “Муҳоҷир” – и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиби озмуни “Ташкилоти ибтидоии фаъол” гардид. Ҷоиза ба Раиси ташкилоти ибтидоии “Муҳоҷир” Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо тақдим карда шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Хадамоти муҳоҷират 90 фоизи коргаронро ҷавонон ташкил медиҳад, ки ҳамаи онҳо аъзои ҲХДТ мебошанд. Дар фаъолияти меҳнатии худ саҳми босазо мегузоранд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират
