Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб бо сокинони деҳаи Офтоблиқои Ҷамоати деҳоти Зирракӣ вохӯрии судманд доир гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират Абдулфайз Сафаров ба сокинони деҳаи Офтоблиқо оиди дуруст ва самаранок истифода бурдани қувваи барқ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика”, оид ба беҳтар намудани шароити фарзандон барои китобхонӣ ҷалб намудан дар хонавода, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, пардохти саривақтии маблағҳои хизматрасонии коммуналӣ, махсусан маблағҳои истифодаи қувваи барқ, об, партов ва замин, оид ба вазъи ноустувори сиёсии ҷаҳон, афзун гардидани хатару таҳдид ба амнияти саросари кишвар, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ, шуғли пурмаҳсул, муҳоҷирати бехатар, тарбияи ахлоқии насли наврас ва ҷавон, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дигар масъалаҳои муҳимро таъкид намуданд.
Дар идома таъкид намуд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.
Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ҳифзи истиқлолият ва таъмини ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти миллӣ таъмин мебошад.
Инчунин, ба таваҷҷуҳи сокинон расонида шуд, ки дар қаламрави бузургтарин фурудгоҳҳои кишвари Россия 12 нуқтаи назорати муҳоҷиратии мақомоти корҳои дохилӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Ин нуқтаҳо бо ҳамоҳангсозии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Россия ва Сарраёсат оид ба нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Россия фаъолият мекунанд.
Нуқтаҳои назорати муҳоҷиратӣ аллакай дар маҷмааи ҳавоии Москва, инчунин дар фурудгоҳҳои Санкт-Петербург, Сочи, Қазон, Новосибирск, Красноярск, Екатеринбург ва шаҳрҳои дигар таъсис ёфтаанд. Дар марҳилаҳои минбаъда, ифтитоҳи чунин нуқтаҳо дар истгоҳҳои сарҳадии роҳи оҳан, дар наздикии гузаргоҳҳои обӣ ва автомобилӣ пешбинӣ шудааст.
Мақсади асосии фаъолияти ин сохторҳо — ошкор ва пешгирии вуруд ва будубоши шаҳрвандони хориҷие мебошад, ки меъёрҳои қонунигузории муҳоҷирати Федератсияи Россияро вайрон мекунанд.
Бо дарназардошти ин, аз шаҳрвандонамон, ки бо нияти фаъолияти меҳнатӣ вориди Россия мешаванд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад: қаблан дурустии ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро барои убури марз санҷанд; ба муҳлати эътибори шиноснома (на кам аз як солу ду моҳ), патент ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки бояд пас аз воридшавӣ тартиб дода шаванд, диққати ҷиддӣ диҳанд; қоидаҳои будубош ва номнавишти муҳоҷиратиро дар қаламрави Федератсияи Россия қатъиян риоя намоянд; дар ҳолатҳои зарурӣ аз намояндагиҳои расмӣ ва мақомоти ваколатдор машварат гиранд.
Омодагии саривақтии ҳуҷҷатҳо ва риояи талаботи қонунгузории муҳоҷиратӣ имкон медиҳад, ки аз таъхир ва мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми воридшавӣ пешгирӣ карда шавад. Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

