Дар замони муосир инсоният ба хатари ҷиддие, ки ба амнияти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гашта истодааст, ки онро терроризм ва экстремизм ном мебаранд. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми ғаразноку нопоки худро тавасути зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм ва бо дигар роҳҳо амалӣ созанд. Айнӣ замон дар байни давлатҳои абадқударати ҷаҳон рақобате ба вуҷуд омадааст, ки кӯшиш барои соҳиб шудан ба нуфуз ба ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табии, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегирад.
Дар аксари мавридҳо онҳо кушиш ба харҷ медиҳанд, ки миёни динҳою мазҳабҳои гуногун душманӣ ва зиддият барангезанд. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд менамояд: “Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ин гуна нерӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд”.
Сарвари давлат дар яке аз мулоқотҳояш бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат чунин изҳор намуд: “Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Терроризм ва экстремизм ба ягон дин, алалхусус ба дини мубини Ислом ҳеҷ рабте надорад”. Бояд қайд намуд, ки айни замон терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақа, ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатар ба миён оварда истодааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин зуҳуроти номатлуб тақозо менамояд.
Мутаассифона, тайи солҳои охир гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи тоҷикистониро низ хеле ба ташвиш овардааст. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи террористӣ аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодуруст истифода намудани шабакаҳои иттилоотӣ, бахусус интернет, нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромӣ дар мамлакат, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзои ҷомеа, алалхусус ҷавонон истифода намуда, дар байни онҳо тарғиботу ташвиқот анҷом дода мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ худро дар канор нагирифта муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб – терроризм ва экстремизмро вазифаи муҳими таъмини амнияти миллӣ, минтақа ва ҷаҳон дониста, барои мубориза бо ин вабои аср пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Гувоҳи ин гуфтаҳо он аст, ки ҳоло дар баробари дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дигар стратегияҳою барномаҳои давлатӣ Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 амал мекунад.
Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикр гардидаанд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон доир ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.
Ҳамин тариқ аз гуфтаҳои болозикр бармеояд, ки экстремизм ва терроризм бо амалҳои нопоки худ метавонанд ба амнияти миллӣ, минтақа ва ҷаҳон ҳамчун вабо таъсири худро гузоранд. Бинобар ин, барои пешгирии намудани чунин зуҳуроти номатлуб ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки худро дар канор нагирифта бо ҳам муттаҳид шуда, наврасону ҷавононро дар руҳияи Ватандустӣ, худшиносӣ, арҷгузори ба арзишҳои миллӣ ва ғайра тарбия намоянд.
Мо аҳли ҷомеа набояд ба он роҳ диҳем, ки мафкураи кӯдакон, насли наврас, ҷавонон ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа бо ахбороти нолозим пур карда шавад, балки падару модарон, омӯзгорон, олимону муҳаққиқон ва дигар сохторҳои мавҷуда пайваста дар якҷоягӣ тадбирҳои судманд андешида ба ин восита дар таъмини устувории сулҳу Ваҳдат, истиқлоли давлатӣ, якпорчагии ватани азизамон Тоҷикистон, арзишҳои миллӣ ва дар маҷмӯъ амнияти миллӣ саҳмгузор бошем.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон
