Имрӯз, 2 декабри соли 2025 дар Хадамоти муҳоҷират дар самти татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар он намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамдамзода Садриддини Бахтиёр ва Абдуллозода Одил, муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” иштирок намуданд.
Зимни баромад нозири калони Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назоратим давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҳамдамзода Садриддини Бахтиёр иттилоъ дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат бо коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, зарурияти бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро дар ҳар баромаду мулоқоти худ махсус таъкид менамоянд.
Аз ҷумла, қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.08.2022, тасдиқ шудааст, пешгирӣ ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо дар ин самт тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.
Коррупсия омили хавфноки ҷомеа буда, ба амнияти миллӣ ва рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “Таъмини бехатарии иқтисодӣ ва таҳкими низоми молию буҷетии кишвар, мубориза бо коррупсия ва омилу падидаҳое, ки имрӯз садди рушди иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошанд, бояд вазифаи ҷонӣ ва масъулияти шахсии ҳар як роҳбар ва хизматчии давлатӣ бошад”.
Мо бояд дастури Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, ба масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ ва амалҳои зидди коррупсионӣ диққати ҷиддӣ диҳем. Чунки содиршавии ҷиноятҳо аз паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷо ба ҷо гузории кадрҳо ва бемасъулиятии баъзе шаҳрвандон вобаста аст.
Муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир, ба меҳмонон ҷиҳати баргузор намудани чунин вохӯрии судманд миннатдории хешро баён намуда, тамоми кормандони Хадамотро даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешанд.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

