Вобаста ба рузи ҷаҳонии ВНМО дар боғи фарҳанги – фароғатӣ ноҳияи Фархор бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандон гузаронидани ташхиси ВМНО, гепатитиҳои вирусӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.
Дар аксияи чорабинӣ кормандони Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам барои аҳолӣ маводҳои иттилоотии пешгирикунанда тақсим намуданд.
Зимни чорабинӣ намояндагони Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО ба сокинони ноҳия оид ба роҳҳои пешгирӣ аз сирояти ин беморӣ маълумот доданд. Зикр гардид, ки нишонаҳои ВНМО дар аввал шабеҳи зуком, аз ҷумла, вараҷа, дарди сар, дамидани доначаҳо ва дарди гулӯ ба назар мерасанд, аммо дар марҳилаи сироятӣ оҳиста – оҳиста аломатҳои варамидани ғадудҳои сафро, лоғаршавии бадан, вараҷа, исҳол, «дарунравӣ» ва сулфа ба чашм мерасанд. Давраи ноаёни ин беморӣ аз 3 то 6 моҳ давом мекунад. Марҳилаи охирини сирояти ВНМО/БПНМ бо гузашти 2-15 сол вобаста ба ҳолати масунияти инсон инкишоф меёбад.
Зикр карда шуд, ки мақсад аз баргузории чорабиниҳои гуногуни оммавӣ бори дигар ба аҳолӣ расонидани маълумот оид ба ин беморӣ ва сарҷамъ намудани ҳамаи қувваҳо бар зидди он мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират
