Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаҳои Куҳдоман ва Муқадаси Ҷамоати деҳоти Гурдоварон мулоқоти навбатӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён ба талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” — таваҷҷуҳ намуда, мазмуни онҳо ба таври муфассал шарҳ дода шуд. Зимнан, масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ва занони хонашин ба шуғли доимӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, муҳоҷирати бехатар ва болобардории маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯз — терроризм, экстремизм, тағйирёбии иқлим ва таҳдидҳои амниятии ҷаҳонӣ сухан рафт.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Баҳодур Сафаров марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.
Ҳозирин, ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Қайд карда шуд, ки зарур аст ҷавонон бештар ба таҳсил дар мактабҳо, коллеҷҳо ва донишкадаҳо ҷалб карда шаванд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид гардид, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад. Иштирокдорон тавонистанд ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гиранд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

