Кормандони раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” бо муҳоҷирони меҳнатие, ки ба Федератсияи Россия барои фаъолияти меҳнатӣ сафар менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуда, дастурҳои муфид медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки мақсад аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ин пеш аз ҳама ба шаҳрвандон додани тавсияҳо ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар кишварҳои хориҷа мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ, доир ба хатарҳои муҳоҷират ибрози ақида намуда, таъкид намуданд, ки дар муҳоҷират бо ҳар гуна шахсони тасодуфу ношинос ҳамроҳ нашаванд, дар бораи ёфтани кори сердаромад дар хориҷи кишвар бовар накарда, то кадом андоза асоснок будани кори ба шумо пешниҳод шударо тариқи интернет санҷед, яъне дақиқ намоед, ки оё дар асл чунин корхона вуҷуд дорад ё не, музди меҳнат ва шароити кориаш чӣ гуна аст.
Роҳи аз ҳама хуб ва бехатари пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар муроҷиат намудан ба идораҳо ва ташкилоту созмонҳои расмие мебошад, ки бо масоили муҳоҷират машғуланд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаруза кормандони раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон дар ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар” ва “Истгоҳи роҳи оҳан” ташриф оварда, пеш аз сафар корҳои фаҳмондадиҳиро бо муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр намуда истодаанд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

