• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Экстремизм ва терроризм хатари ҷиддист

Migration Service by Migration Service
05.12.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Экстремизм ва терроризм хатари ҷиддист
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ бо суръат идома меёбад, яке аз падидаҳои номатлуби замони имрӯза экстремизм мебошад, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири калони манфӣ мерасонад. Дар осори илмии олимони соҳа қайд карда мешавад, ки экстремизм ин шакли инкори радикалии меъёрҳо ва қоидаҳои ҷамъиятии дар давлат мавҷудбуда аз тарафи шахсони алоҳида ё гурӯҳҳо маҳсуб мегардад. Вай бо амалҳои зиддиҳуқуқӣ зоҳир шуда, барои ҳар фарди ҷомеа хатарнок буда, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро вайрон карда, ҳаёти ҷамъиятиро номӯътадил мегардонад.

Дар қонуни мазкур, аз ҷумла омадааст, ки экстремизм аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ зоҳир намудани чунин шакли амалҳои ниҳоӣ мебошад, ки ба вайронкунии тартибот, тағйир додани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва ба даст даровардани ваколатҳои он, афрӯхтани оташи низоъҳои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунанд.

Воқеан ҳам экстремизм маънои побастагӣ ба афкор ва чораҳои ғайриқонунӣ дошта, майли инсонро ба роҳи ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва миллӣ бо восита ва усулҳои дар ҷамъият ғайри қобили қабулро нишон медиҳад. Дар баробари он, экстремизм ҷараёни калонро дар доираи ҷараёнҳои муосири идеологӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ нишон медиҳад, ки онҳо кӯшиш доранд ба раванди рушду такомули давлату ҷамъият халал ворид созанд.

Тибқи назари коршиносони соҳа экстремизм аз рӯи хусусияти худ ба равияҳои зерин тақсим мешавад:экстремизми иқтисодӣ – барҳам додани бисёрнамудӣ ё барқарор кардани ягон намуди моликият, усулҳои ягонаи хоҷагидорӣ, рад кардани принсипҳои танзими давлатии соҳаҳои иқтисодӣ; экстремизми байналмилалӣ – вайронкунии сохти конститутсионии давлатҳои дигар ё тартибот ва муносибатҳои байналхалқӣ. экстремизми сиёсӣ – вайрон кардани асосҳои ахлоқии ҷомеа, ташвиқи зӯроварӣ; экстремизми миллӣ – поймол намудани ҳуқуқҳои дигар миллатҳо; экстремизми динӣ – нафрат ба намояндагони дини дигар ё муборизаи қатъӣ дар дохили як дин; экстремизми экологӣ – баромад кардан ба муқобили сиёсати маҳсулноки ҳифзи табиат; экстремизми маънавӣ-идеологӣ – рад кардани таҷриба ва комёбиҳои фарҳанги дигар;

Бояд гуфт, ки ба экстремизм якчанд хусусиятҳои умумӣ хос мебошад, аз қабили зӯроварӣ ва таҳдиди мусаллаҳонаи он, якпаҳлӯгӣ дар қабули муаммоҳои ҷамъиятӣ ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли онҳо, кӯшиши нишон додани принсипҳои худ ба рақибон, бе чуну чаро иҷро кардани ҳамаи фармонҳо ва қоидаҳо, такя на ба тафаккур, балки ба ҳиссиёт ва хурофотҳо, созиш карда натавонистан ва ғайраҳо.

Гуфтан ба маврид аст, ки мутобиқи қисми 1, моддаи 307-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ба амалигардонии фаъолияти экстремистӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст. Ҷиҳати объективии ҷинояти экстремистӣ ташкили ҷамъиятҳои экстремистӣ, амалӣ кардани ҷиноятҳои хусусияти идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ ё адовати динии характери экстремистӣ дошта, роҳбарии ҷамъиятҳои экстремистӣ, қисмҳои он ё сохторҳои ба ин гуна ҷамъиятҳо шомилшуда дар бунёди иттиҳодияи ташкилотчиёнро дар назар дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ қадамҳои ҷиддӣ бардошта мудом хоҳони сулҳу оромӣ ва ваҳдату дўстӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Тоҷикистон чун актори сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ бар мухолифи ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа муборизаи беамон хоҳад бурд.

Дар ин раванд солҳои охир таъсиру нуфузи созмонҳои фаромиллӣ ҷунбишҳои динӣ, гурўҳҳои ифротиву тундрав бо фарогири ҳар гуна ғояҳои иртиҷоӣ хеле зиёд ба назар мерасанд, ки ҷаҳонро ба такон овардаанд. Воқеан ҳам, ин зуҳуроти номатлуб дар замони муосир хатари ҷиддие барои инсоният ба бор овардааст, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро фарогир мебошад. Терроризму экстремизми динӣ-сиёсӣ зуҳуроти ғайри қобили қабули ҷомеа буда, таърихи хеле тўлонӣ дорад ва олимону донишмандон, сиёсатмадорону сиёсатшиносон ва рўзноманигорону фаъолони ҷомеа вобаста ба он изҳори назар кардаанд, ки дар умум ҳама онро маҳкум менамоянд.

Бояд зикр кард, ки дар раванду таҳаввулоти замони муосир қишри такомулдиҳанда ва созандаи ҷомеа – ҷавонон нақши бориз доранд. Ҷавонон дар ҳама давру замон нерўи пешбарандаву бунёдкори ҷомеа маҳсуб мегарданд. Асоси пешравӣ ва рушди босуботи ҳар кишвару давлат ба ҷавонони бомаърифату фарҳангдўст, донишманду илмомўз ва дорои завқи баланди зеҳнӣ сахт марбут аст.

Сафарзода Баҳодур,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмали

Previous Post

Мулоқот бо раисони кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд

Next Post

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират

Next Post
Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандон дар назди Маркази сершуғли муҳоҷират

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.