Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замири ҷавонони кишвар ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.
Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш қайд менамоянд, ки ҷавонон ояндасози давлату миллатанд, зеро роҷеъ ба мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар пешрафти соҳаҳои гуногун изҳори назар карда, борҳо ба насли ҷавон боварӣ ва эътимод зоҳир намудаанд. Чунончӣ дар яке аз мулоқоти худ таъкид доштанд, ки “Имрӯз зарурати таърихие пеш омадааст, ки аз миёни наврасону ҷавонон лаёқатмандонро ҷустуҷӯ намоем, барои ташаккули ҳаматарафаи шахсияти онҳо шароит муҳайё гардонем, нерӯи созандаашонро ба фатҳи қуллаҳои нави илму техника ва фарҳанг ҳидоят созем истеъдодҳои ҷавононро сари вақт дастгирӣ кардан зарур аст”.
Воқеан, имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустиву саноат саҳми ҳалкунанда доранд ва дар як вақт давлат низ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва самти иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввал қарор медиҳад. Дар ҳақиқат ҷавонӣ навбаҳори зиндагонист. Умри инсон чанд марҳила дорад ва дар байни ин марҳилаҳо зеботарину дилнишинтаринаш фасли ҷавонист. Зеро дар ин фасл шахс солиму нерӯманд ва барнодилу болидарӯҳ аст.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон такягоҳи боэътимоди ватананд. Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо ба илму техника шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилро роҳандозӣ намуда, барномаҳои зиёдеро барои омўзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ рўйи кор гирифтааст. Пас, мо – ҷавононро мебояд, роҳи донишомўзиро интихоб намуда, илм омўзем, то ки ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллатамон сазовор гардем.
Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон такягоҳи боэътимоди ватананд. Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо ба илму техника шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилро роҳандозӣ намуда, барномаҳои зиёдеро барои омӯзиши илму дониш ва интихоби касбу ҳунарҳои замонавӣ рўйи кор гирифтааст. Пас, мо-ҷавононро мебояд, роҳи донишомўзиро интихоб намуда, илм омӯзем, то ки ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллатамон сазовор гардем.
Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хосса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд. Мо ҷавонон, дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат кӯшиш мекунем, ки пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, бо истифода аз донишу маҳорат ва қобилияту малакаи касбӣ, бо дасту дили гарм дар шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Хулоса, фаромӯш набояд сохт, ки имрӯзу фардо ва пасфардои Ватани азиз дар дасти ҷавонони ватанпарвар аст ва суботкорону ояндасозонаш низ ҷавононанд.
Комрони Ғафурҷон,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Тоҷикобод

