• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Мубориза бо ин зуҳурот кори дастаҷамъона аст

Migration Service by Migration Service
08.12.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Мубориза бо ин зуҳурот кори дастаҷамъона аст
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҷомеаи инсониро дар ҳар давру замон монеае садди роҳи рушду такомулаш мегардад ва баъзан ин монеа то ҷое пайваста дунболагираш низ месозад. Аммо инсоният ҳамоно бо чунин зуҳури ноҷову номатлуб доимо дар набарду мубориза қарор дорад, то ки зиндагии бофараҳ ва пур аз нишотро насибаш созад. Маҳз коррупсия аз зумраи чунин монеаҳост, ки ҳанӯз аз дуриҳо ҳамқадам бо ҷомеаи башарист ва ҷодаи ҳаёти ӯро ором намегузорад.

Коррупсия аз замонҳои пеш то ба имрӯз шабеҳи мушкилоти печида ва мубрами инсоният дар тамоми давраи рушди тамаддун фаъолияти муътадили ҳокимияти давлатиро халалдор карда, монеаи инкишоф ва шаклгирии муносибатҳои ҷамъиятӣ гардидааст.

Дар замони муосир низ падидаи мазкур ба худ хусусиятҳои хос, аз ҷумла аз порагирӣ то сӯйиистифода аз ваколатҳои мансабиро касб кардааст. Он ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва арзишҳои волои маънавию ахлоқии инсонӣ таъсири манфии худро мерасонад ва дар сурати бетаваҷҷуҳӣ, аз эҳтимол дур нест, ки асари он минбаъд ҳам афзояд.

Воқеан, зуҳуроти коррупсия боиси заиф шудани пояҳои давлатдорӣ ва паст гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум мегардад ва муқовимат бар зидди ин падида бояд на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки тамоми аҳли ҷомеа бошад.

Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар самти муқовимат ба коррупсия пешбинигардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба санади барномавии муайянкунандаи дурнамои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008, “Дар бораи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012”, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013, “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 3.08.2021, “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” қабул карда шуданд.

Лозим ба таъкид аст, ки Стратегияҳои қабулгардида бо мақсади андешидани чораҳои дастаҷамъонаи ташкилӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар ин самт мебошанд. Стратегияи мазкур қисми ҷудонашавандаи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои марҳилаи якум солҳои 2021-2025 буда, ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки принсип ва муносибатҳои асосии онро муайян менамояд.

Ҳадаф ва вазифаи асосии амалисозии Стратегия аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, низоми қонунгузории муқовимат ба коррупсия дар доираи стратегияи зикркардида мавриди такмили ҳуқуқӣ қарор гирифта, меъёрҳое дар он мустаҳкам гардидаанд, ки онҳо бевосита муайянкунандаи асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсия буда, баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ ва муътадилии фаъолияти мақомоти давлатӣ равона гардидаанд.

Ҳамин тавр, дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон баҳри амалишавии Стратегияи мазкур тамоми шароит ва имконот вуҷуд доранд, танҳо ҷомеаро таконе мебояд ва он такон маҳз мавриди ин падида соҳибмаълумот будан аст. Боқӣ узви ҷомеаи мутамаддинро ростандешиву ростқавлӣ ва росткорӣ пӯшишест тақозошавандаву арзанда.

Агар садди роҳи  коррупсия гирифта нашавад, он ба проблемаи таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ мубаддал гашта, дар натиҷа иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо ва самаранокии фишангҳои давлатии идоракунӣ коҳиш меёбад, ки ин ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ, бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ оварда мерасонад.

Бобиев Садриддин,

Сардори шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм – вазифаи ҳар фарди ҷомеа

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.