Дар ноҳияи Файзобод дар идомаи вохӯриву мулоқотҳо аз ҷониби гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии навбатӣ бо фаъолон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Файзобод доир шуда, мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва муҳоҷират буд.
Зимни вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Басонат Азизова оид ба қонунгузории кишвари қабулкунанда дар самти муҳоҷират, тартиби дурусти сафар ва будубош дар хориҷи кишвар, ҳамчунин хатари оқибатҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ шарҳи муфассал дод. Ба иштирокчиён зикр гардид, ки риояи талаботи қонун ва истифодаи хизматрасониҳои расмӣ метавонад хавфҳоро хеле кам кунад.
Ҳамчунин яке аз мавзуъҳои асосӣ — пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва ифротгароёна буд. Масъулин таъкид намуданд, ки гурӯҳҳои ифротгаро ба воситаи ваъдаҳои бардурӯғ ва паёмҳои фиребанда ҷавононро ба дом мекашанд. Аз ин рӯ, донистани меъёрҳои амниятӣ, огоҳ будан аз мақсадҳои нопоки чунин гурӯҳҳо ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ хеле муҳим мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои марбут ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла роҳҳои паҳншавӣ ва усулҳои пешгирии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба иштирокдорон тавсия дода шуд, ки қоидаҳои оддии гигиена, тарзи ҳаёти солим ва муоинаи саривақтии тиббиро риоя намоянд.
Дар анҷом миёни масъулон ва сокинони ноҳия саволу ҷавоб сурат гирифта, ба иштирокчиён барои огоҳии бештар маводи иттилоотӣ пешниҳод гардид.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

