• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Либоси миллӣ – рукни муҳими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ

Migration Service by Migration Service
22.12.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Либоси миллӣ – рукни муҳими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Либоси миллӣ – ин ифодагари арзишҳои моддиву маънавӣ ва фарҳангии ҳар халқу миллат мебошад, зеро ҳар халқу миллати анъанаи либоспӯшии худро дорад, ки тарзи либоспӯшӣ ва нақшу нигори либоси онҳо инъикоскунандаи ин гуфтаҳост. Гуфтан ҷоиз аст, ки риояи либоспӯшӣ – ин арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба халқу миллат буда, ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги ӯст. Дар даврони Шӯравӣ дар китобу маҷаллаҳо 15 миллати републикаҳоро бо анъанаҳои либоспӯшияшон дар якҷоя тасвир менамуданд. Масалан, халқи тоҷикро марди тоқидору ҷомапӯш ва зани атласпӯш ва тоқӣ дар сар нишон медоданд, ки бо ин тарзи либоспӯшӣ ҳама тоҷиконро мешинохтанд.

Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинаму зебандагиашро гум накардааст. Бо истифода аз матоъҳои нафис, гӯлдузии зебо ва нақшҳои анъанавӣ, либоси миллӣ на танҳо зебоии зоҳириро намоиш медиҳад, балки ҳувият ва таърихи бою фарҳанги тоҷиконро низ инъикос мекунад.

Ҳар як ҷузъи либоси миллӣ дорои маънии махсус аст. Нақшҳои гулдӯзӣ, ки дар либосҳои миллӣ истифода мешаванд, рамзи табиат, муҳаббат, зиндагӣ ва фарҳанги мардумиро инъикос мекунанд. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум зиёд гардидааст.

Либоси миллӣ дар ҷашнҳо ва маросимҳои милли нақши муҳим мебозад. Дар ҷашни Наврӯз, ки яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон аст, ки мардуми тоҷик бо либосҳои рангоранг ва зебо ба куча мебароянд ва дар рақсҳо ва сурудҳои анъанавӣ иштирок мекунанд. Ҳангоми туйҳо ва дигар маросимҳои муҳим либоси миллӣ ҳамчун рамзи ифтихор ва ҳувият истифода бурда мешавад. Либоси миллии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ низ маъруфият пайдо мекунад. Барномаҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳои мӯд ва фестивалҳои байналмилалӣ, ки дар кишварҳои гуногун баргузор мешаванд, имконият медиҳанд, ки либоси миллии тоҷикон ба ҷаҳониён муаррифӣ шавад. Ин намоишҳо на танҳо зебоии либоси миллиро нишон медиҳад балки фарҳанг ва таърихи бою пурғановати тоҷиконро низ таҷассум мекунанд.

Таи солҳои охир ташрифи сайёҳон ба кишварамон афзуда истодааст, ки ин ҳам моро водор месозад, ки ба сайёҳон фарҳангу анъанаҳои тоҷиконаро муаррифӣ карда тавонем. Беш аз пеш ба сару либоси миллӣ намуди зоҳирии шаҳрвандон ба назар мерасад. Бинобар ин бонувони тоҷикро зарур аст, ки дар баробари дигар ҳунарҳои мардумӣ либоси миллиро, ки таърихи қадимӣ дорад, бо тамоми зебогияш муаррифӣ намоянд.

Аз мушоҳидаҳо аён мегардад, ки чандин аср боз либоси миллии тоҷикон ҳусни зебои худро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Баръакс, бо мурури замон бо фикру идеяҳои тарроҳони муосир либоси миллӣ ҳусни ҷаззобтар пайдо кардааст, анвои гуногуни либоси миллӣ бо тобиши аврупоӣ – доману блузкаҳои чакан, кардиганҳои атласу фаранг, костюмҳои адрасу чакан ва ғайраҳо симои бонувони тоҷикро оро медиҳанд, ки ин таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони хориҷиро беш аз пеш ҷалб менамояд.

Имрӯзҳо теъдоди зиёди бонувони тоҷик либоси миллиро бо ҳисси баланди ифтихор ба бар мекунанд. Арҷгузорӣ ба он чун ҷузъи фарҳанги миллати тоҷик бояд мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё, ҷавонон ва ҳунармандону тарроҳон, ки муаррифи бевоситаи ин тарзи либоспӯшӣ мебошанд, дониста мешавад. Тарғиби либоси миллӣбо диди нав, завқу ҷустуҷӯи тоза ва истифода аз матоъҳои истеҳсоли ватанӣ роҳандозӣ шуда, тавассути ҷалби бештари сайёҳон ба ҷаҳониён бояд муаррифӣ гардад.

Дар воқеъ имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ, хатаре вуҷуд дорад, ки бар асари тақлид ба фарҳангҳои бегона баъзе унсурҳои асили либоспӯшии миллӣ тадриҷан аз зиндагии рӯзмарра дур шаванд. Занону духтарон ҳамчун нигаҳдорандаи анъанаҳои хонаводагӣ ва фарҳангӣ дар ин раванд нақши калидӣ доранд. Интихоби либоси муносиб, бо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ахлоқӣ нишонаи худшиносӣ ва ифтихор аз фарҳанги миллиамон аст.

Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабр бо эътимоди комил иброз намуданд, ки занону духтарон дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастию хурофот ва исрофкорию зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд.

Додихудоева Дилафрӯз,

Мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагидорӣ раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Шахси ватандӯст, пеш аз ҳама, ба арзишҳои миллӣ содиқ аст

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.