• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии корӣ бо роҳбарони ширкатҳои интиқолдиҳанда

Migration Service by Migration Service
22.12.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии корӣ бо роҳбарони ширкатҳои интиқолдиҳанда
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

22 декабри соли 2025 дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод вохӯрии корӣ бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои интиқолдиҳандаи шаҳрвандон ба хориҷи кишвар баргузор гардид.

Сараввал Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо аз ширкатҳои расмии интиқолдиҳанда шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба кори муназзами хориҷ аз кишвар сафарбар карда шудаанд, пурсон шуд. Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 субъекти хоҷагидор, ки ба интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар фаъолият доранд, тавонистанд шаҳрвандони ҷумҳуриро ба кишварҳои ФР, Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар ва Аврупо барои фаъолияти меҳнатӣ сафарбар намоянд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, андешидани чораҳои муштарак оид ба пешгирии вайронкунии қонунгузории муҳоҷирати давлати иқомат, аз ҷумла мубориза бо бақайдгирии сохта ва шуғли ғайриқонунӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод таъкиди хоса ба самтҳои зерин намуд, аз ҷумла, муташаккилона сафарбарнамудани шаҳрвандон ба хориҷи кишвар, сари вақт ва дуруст ба роҳ мондани маълумот оиди сафарбаркунии шаҳрвандон, ҷоннок намудани ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷират ва МД “Агенти бокортаъминкунӣ дар хориҷа”, тақвияти чораҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иттилоотӣ-ташвиқотӣ вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон, вокуниши саривақтӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар ҳали ҳолатҳои баҳсӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ байни коргарони тоҷик ва корфармоён, суханронӣ намуд.

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, пешгирии ҳолатҳои фиребу қаллобӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Аз ҷониби худ, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳо пешниҳоду мулоҳизаҳои худро дар самти такмили ҳамкорӣ, бартарафсозии мушкилоти мавҷуда ва тақвияти механизми ҳамоҳангсозӣ бо сохторҳои давлатӣ иброз доштанд.

Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосии ин вохӯрӣ масъалаҳои идоракунии равандҳои муҳоҷират ва муайян кардани мушкилоти марбут ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон мебошад.  

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Либоси миллӣ – рукни муҳими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ

Next Post

Танҳо муборизаи дастаҷамъона мебояд

Next Post
Танҳо муборизаи дастаҷамъона мебояд

Танҳо муборизаи дастаҷамъона мебояд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.