• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Идомаи суҳбату вохӯриҳо дар ноҳияи  Фархор

Migration Service by Migration Service
24.12.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Идомаи суҳбату вохӯриҳо дар ноҳияи  Фархор
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Фархор якҷо бо сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар МТМУ №1-4 шаҳраки Фархор ва Ҷамоати деҳоти Фархор мулоқоти навбатӣ бо сокинон баргузор гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ доир ба муҳтавои Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ мамлакат ироа мешавад, роҳнамои муҳим ва дурнамои асосии фаъолият буда, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро бозгӯ мекунад,  инчунин огоҳ намудани сокинони ноҳия  дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба масъалаи ободии Ватан, ҳифзи сулҳу суботи пойдор ва нақши ҳамбастагии миллӣ дар рушди ҷомеа таъкид карда, зикр намуданд, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ омили муҳими пешрафти кишвар мебошад. Дар он масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии терроризму экстремизм, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва риояи фарҳанги либоси миллиро ба миён гузошта, ҳифзи анъана ва одатҳои миллӣ – ро вазифаи ҳар як шаҳрванди худшинос хонданд.

Ҳамзамон, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба таври саҳеҳ вобаста ба қонунҳои нави кишвари Россия дар самти муҳоҷират ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи муҳоҷирати бехатар маълумот дод. Аз ҷумла, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ бо сокинон дар бораи муҳоҷирати бехатар, ҳангоми муҳоҷират вохӯрдан бо шахсони фиребгар, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муҳоҷирон, ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, гузаштан аз муоинаи тиббӣ пеш аз муҳоҷират ва ташаккули малакаҳои касбӣ пешниҳод гардид.

Ба таваҷҷуҳи сокинон расонида шуд, ки барои муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ аз сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, саҳифаи телеграм t.me/mlmert, Хадамоти муҳоҷират migration.tj, Намояндагии Вазорат дар ФР оид ба муҳоҷират prmstj@mail.ru истифода намоянд.

Мулоқот дар шакли саволу ҷавоб идома ёфта, ба сокинон имкони мустақим иброз доштани фикру пешниҳодҳо фароҳам овард.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Мулоқоти навбатӣ бо сокинони ноҳияи Файзобод

Next Post

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲИДОЯТ ДАР РОҲИ СОЗАНДАГӢ

Next Post
ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲИДОЯТ ДАР РОҲИ СОЗАНДАГӢ

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ҲИДОЯТ ДАР РОҲИ СОЗАНДАГӢ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.