Дар шароити ҷаҳони имрӯза, ки равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ босуръат тағйир меёбанд, терроризм ва экстремизм ба яке аз хатарҳои асосӣ барои амният ва суботи кишварҳо табдил ёфтааст. Ин зуҳуроти манфӣ ба ҳаёти инсонҳо таҳдид мекунанд ва сулҳу ваҳдат, иқтисод, фарҳанг ва ҷаҳонбинии ҷомеаро низ зери хатар мегузоранд.
Терроризм истифодаи зӯроварӣ, таҳдид ва тарсофарӣ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ё динӣ мебошад. Террористон мехоҳанд бо амалҳои худ ҷомеаро ба ваҳшат оварда, иродаи мардум ва ҳукуматҳоро шикананд. Экстремизм бошад, шакли шадиди андеша ва рафторест, ки берун аз меъёрҳои ҷомеа қарор дорад. Онҳое, ки ба фикрҳои экстремистӣ пайравӣ мекунанд, барои расидан ба мақсадҳои худ аз ҳама гуна воситаҳо, ҳатто зӯроварӣ, истифода мебаранд.
Нодонӣ ва сатҳи пасти маърифат сабаби осонии ҷалби ҷавонон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ мешавад. Бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ, набудани ҷойи кор ва шароити душвори зиндагӣ низ заминаи муносиб барои таъсири гурӯҳҳои ифротиро фароҳам меоранд. Баъзе гурӯҳҳо таълимоти диниро таҳриф карда, барои манфиатҳои худ истифода мебаранд. Истифодаи нодурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ имконият медиҳад, ки таблиғоти экстремистӣ зуд ва васеъ паҳн шавад. Оқибатҳои терроризм бисёр фоҷиавианд: талафи ҷонии одамон, захмӣ гардидани шаҳрвандон, тахриби биноҳо ва инфрасохтор, вайроншавии фазои сулҳ ва ба миён омадани тарс, сустии фаъолияти туризм ва иқтисоди миллӣ ва беқарор шудани амнияти минтақавӣ. Терроризми ҷаҳонӣ ба ҳеҷ миллату давлат маҳдуд нест, ҳар кишвар метавонад ҳадафи он қарор гирад.
Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ ва дастгирии онҳо, мустаҳкам кардани тарбияи ахлоқӣ ва ватандӯстӣ, истифодаи оқилонаи интернет ва назорати иттилоот, ҳамкории давлат ва ҷомеа дар пешгирии идеяҳои ифротӣ ҳамаи ин чораҳо метавонанд таъсирбахш бошанд.
Танҳо бо ҳамбастагӣ, дониш ва эҳтиром ба қонун ва сохтори давлатдорӣ метавонем аз ин хатарҳо худро ва насли ояндаро муҳофизат кунем.
Наботов Насим, Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

