Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли суханрониҳои солҳои қаблӣ бар пояи таърихи миллат, давлатдории миллӣ, худшиносию ватандӯстӣ, бунёдкориву созандагӣ ва ояндабинӣ асос ёфта, бо тарзи баёни содаву мавзун ва корбурди ифодаҳои фасеҳ сарчашмаи бузурги омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат мебошад.
Ҳамзамон, дар баробари дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа, масъалаи баланд бардоштани мақом ва манзилати занон, фароҳам овардани шароити муносиби фаъолият ва баробарҳуқуқии онҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар меҳвари Паёми Пешвои миллат қарор гирифтааст.
Тавре ки Сарвари давлат зимни ироаи паёмашон иброз доштанд, Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад.
“Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”, – таъкид доштанд Пешвои муаззами миллат.
Мавҷудияти заминаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ дар самти дастгирии ташаббусҳои занон ва мустаҳкам намудани мавқеи он дар ҷомеа аз иродаи устувори сиёсии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занон гувоҳӣ медиҳад. Сарвари давлат ба заковати азалӣ ва нерӯи созандаи занони оқилу фарзонаи миллати тоҷик ҳамеша такя менамоянд, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ, чун таҳкиму устувор гардонидани мавқеи онҳо дар хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони солим ва худшиносу ватандӯст, инчунин, бо заҳмату талошҳои худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ масъалаи баробарҳуқуқии марду занро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани он тайи 34 соли мустақилият давра ба давра тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.
Хурсандиовар аст, ки дар ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба масъалаи таҳсилоти касбӣ ва маърифати занону духтарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад, зеро зани маърифатнок метавонад бо заковату хиради воло ҷомеаро тарбият намояд.
Пешвои миллат бо боварии комил иброз доштанд, ки “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”. Ин рисолати бузург модаронро водор месозад, ки дар баробари тарбияву ба камолоти маънавӣ расонидани фарзандони худ боз дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум будан тарбия намоянд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат дар суханронии хеш таъкид намуданд, ки: “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”.
Ҳамин тавр, мо занону бонувонро зарур аст, ки суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, дар таҳкими мақому манзалати зан – модар дар ҷомеа ва нақши басо муассир дар ҷомеаи имрӯза боз ҳам баланд бардорем.
Шаҳноза Тошмухамедова,
Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират
