Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Мурғоб дар ҳамбастагӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа гардид дар Ҷамоати деҳоти Мурғоб бо сокинон шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ баромадкунандагон доир ба ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ изҳори назар карданд. Аз ҷумла, доир ба муҳтавои Паёми Президент чунин гуфтанд – Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ мамлакат ироа мешавад, роҳнамои муҳим ва дурнамои асосии фаъолият буда, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро бозгӯ мекунад.
Ҳамчунин дар ин ҷамъомад таъкид шуд ки дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026- ро “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон намуданд. Ин эълон ва пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор месозад ки ҷиҳати корҳои ободонию созандаги худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, аз ҳар вақта дида бештару беҳтар корбари намоем.
Ҳамзамон, намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба самъи сокинон расонид, ки муҳлати будубош дар Федератсияи Россия 90 шабонарӯзро дар як соли тақвимӣ дар бар мегирад. Муҳлати мазкур ба истиснои ворид шудан бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мебошад.
Агар шумо бо мақсади сайёҳат, табобат, тиҷорат, корҳои шахсӣ, хидматӣ, убурӣ ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мешавед, тиқби талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат муҳлати будубошатон на зиёда аз 90 шабонарӯз мебошад.
Шаҳрвандони хориҷӣ дар заминаи асосҳои мазкур метавонад муҳлати будубоши худро дар қаламрави Федератсияи Россия ба муҳлатҳои гуногун тамдид намоянд:
1. Агар шаҳрванди хориҷӣ дорои иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бошад;
2. Шаҳрванди хориҷӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) дарёфт мекунанд то анҷоми муҳлати иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар кишвари иқомат метавонанд ҳуҷҷатҳои будубоши худро тамдид намоянд.
Ба иттилои сокинони ҷамоат расонида шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар ин самт метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР муроҷиат намоянд. Дар охир ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

