Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ дар ҳамкорӣ бо бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии судманд бо сокинони деҳаҳои Старғ, Дуршер ва Ширговади Ҷамоати деҳоти Рованд баргузор гардид.
Зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки Паём ҳамчун роҳнамо барои ҳамаи сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли зиё хизмат мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими рушди илм, маориф, тандурустӣ, дастгирии ҷавонон, таъмини амнияти миллӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ҷойгоҳи хоса доранд.
Таъкид гардид, ки дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, вазифаҳои муҳиму сарнавиштсоз дар назди ҳамаи сокинони кишвар қарор доранд. Моро зарур аст, ки бо масъулияти баланд ва меҳнати содиқона барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёт талош варзем. Ба ҳамин хотир моро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша кӯшиш намуда, манфиатҳои шахсиро дар зинаи охир бимонем ва ҳамеша дӯстдори Ватани маҳбубамон бошем.
Дар рафти вохӯрӣ намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба ҳозирин дар бораи таҳдидҳои марбут ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, шубҳанок ва ҷиноятӣ маълумот дода шуд, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳадафҳои мушаххас доранд ва барои ноил шудан ба онҳо аъзои навро ҷалб ва сафарбар мекунанд.
Инчунин, оид ба масъалаҳои муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаи меҳнатӣ ва риояи меъёрҳои бехатарӣ дар ҷои кор баррасӣ гардид ва вобаста ба аҳамияти шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон таъкид карда шуд.
Ҳамчунин ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки вақти холии худро муфид истифода баранд, аҳли хонаводаашонро барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ба марказҳои забономузӣ, ки ройгон мебошанд ҷалб намоянд. Вохурӣ дар вазъияти самимӣ бо саволу ҷавобҳои зиёд гузашт.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

