Чун анъанаи неки ватандорӣ ва бо шукргузорӣ аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату истиқлоли миллӣ 16 декабри соли 2025 ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор шуд, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии хешро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар» ироа намуданд.
Ҳар як Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва сармашқи кору фаъолияти мардуми шарафманди тоҷик мебошад. Дар ҳар Паёми хеш Ҷаноби Олӣ вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, инкишофи маънавии ҷомеа, баланд бардоштани эҳсоси меҳанпарастию худогоҳии мардум, ҷалби ҷавонону наврасон ба донишу касбу ҳунаромӯзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок ибрози назар намуда, барои рушди устувори кишвар ва баланд гардидани вазъи иқтисодии зиндагии мардум пешниҳоду дастурҳои мушаххас ироа менамоянд.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсола низ вобаста ба пешбурди босамари сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини бомароми рушду инкишофи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузориву соҳибкорӣ, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш, сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ибрози андеша намуда, дар назди Ҳукумати мамлакат, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифаҳои мушаххасу таъхирнопазир муайян намуданд.
Дар Паёми имсола низ чун ҳарвақта таклифу пешниҳодоти мушаххас манзур намуданд, ки баҳри иҷрои босифати нақшаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати рушди Тоҷикистон заминаи боэътимод мебошанд.
Тавре Пешвои миллат иброз доштанд: «Азбаски чор сол пеш доир ба 35-солагии истиқлол қарор қабул карда будем, пешниҳод менамоям, ки соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад».
Ба ин муносибат, аз 17 декабри соли 2025, №1102 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»» ба тасвиб расида, Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳои татбиқи ин фармонро барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Албатта, ин муждаи накӯ мардуми шарифи тоҷикро водор месозад, ки ҳарчи бештару беҳтар дар ин самт фаъолият намуда, тамоми қувваю матонат ва донишу иродаи хешро баҳри амалисозии ин иқдоми наҷиб сафарбар намоянд.
Зеро соли 2026 барои мардуми саодатманди тоҷик соли мубораку фархунда буда, бо таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам ба дастоварду комёбиҳои нав ноил хоҳем гардид.
Боз як мужда, ки дар Паёми хеш Сарвари давлат таъкид доштанд: «Он ҳам боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид».
Албатта, аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфтани ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои сулҳофари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти наҷиби Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ин росто, ибораи «Аз Паём то Паём» танҳо як ибора набуда, дар вуҷуди худ созандагию бунёдкорӣ, ташаббусу иқдомҳои наҷиб, раҳнамоиву дастгирӣ, таваҷҷӯҳу ғамхорӣ, ояндаи дурахшону вусъати худогоҳии миллиро фаро гирифта, моро ба ояндаи начандон дури рушду такомул роҳнамоӣ мекунад.Ҷавобан ба ин, моро зарур аст, ки содиқонаю софдилона ва фарзандона барои халқу Ватан хизмат намоем.
Абдуллоев Некрӯз – мудири бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

