16 декабри соли 2025 дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ироа намуданд. Паёми солона ҳамчун санади муҳимтарини сиёсӣ ва барномавӣ самтҳои асосии рушди кишварро барои солҳои минбаъда муайян менамояд. Паёми Пешвои миллат на танҳо гузориши солона, балки роҳнамои амалӣ барои тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа мебошад. Он нишондиҳандаҳои муҳимми иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмиро ҷамъбаст намуда, нақшаи рушди устувори кишварро барои солҳои минбаъда муайян мекунад.
Паём ҳамчун оинаи сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ. Дар Паёми имсола масъалаҳои калидии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба таври возеҳ ироа гардиданд. Пешвои миллат натиҷаҳои фаъолияти яксолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъбаст намуда, дар баробари ин вазифаҳои навро барои сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа муайян карданд. Паём на танҳо гузориши сиёсӣ, балки нақшаи амалӣ барои идоракунии давлат ба ҳисоб меравад.
Эътирофи байналмилалии фарҳанг ва таърихи тоҷикон. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки бо ташаббус ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат таърих ва фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардидааст. Дар Паём ба ҷаҳонишавии як қатор анъанаҳо ва ёдгориҳои таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик ишора карда шуд. Пазируфта шудани якчанд ёдгориҳо ва арзишҳои фарҳангӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии башарият боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Яке аз самтҳои калидии Паём рушди иқтисоди миллӣ ба шумор мерафт. Пешвои миллат зарурати суръат бахшидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, дастгирии соҳибкории ватанӣ, ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табииро таъкид намуданд. Ҳамзамон, рушди соҳаи энергетика, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, омили муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисод арзёбӣ гардид.
Дар Паём ба соҳаи иҷтимоӣ низ диққати ҷиддӣ дода шуд. Пешвои миллат афзоиши маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманд ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кориро ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа муайян карданд.
Масъалаи маориф ва илм мавқеи хос дошт. Таъкид шуд, ки рушди маориф — сармоягузорӣ ба ояндаи миллат аст. Баланд бардоштани сифати таълим, дастгирии омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва тарбияи насли соҳибмаърифат аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими давлат ба шумор меравад.
Дар соҳаи маориф низ вазифаҳои муҳим гузошта шуданд. Тибқи таҳлилҳо, дар 25 соли оянда шумораи хонандагон дар Тоҷикистон ба 4 миллион нафар мерасад. Аз ин рӯ, супориш дода шуд, ки омодагӣ ба гузариш ба низоми 12-солаи таҳсил аз ҳоло таъмин карда шавад.
Дастгирии иҷтимоӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагӣ. Дар Паём тасмимҳои мушаххаси иҷтимоӣ эълон гардиданд. Аз ҷумла, аз 1 сентябри соли оянда маоши кормандони соҳаи маориф 25 фоиз, маоши дигар соҳаҳои буҷетӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақали музди меҳнат низ ба 1300 сомонӣ бардошта мешавад.
Ин тадбирҳо ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими адолати иҷтимоӣ равона шудаанд. Дар маҷмӯъ, Паёми Пешвои миллат аз 16 декабри соли 2025 ҳуҷҷати сарнавиштсоз буда, барои таъмини рушди устувор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад. Амалӣ гардидани ҳадафҳои дар Паём гузошташуда масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар буда, бо заҳмати якҷоя мо метавонем Тоҷикистони боз ҳам ободу пешрафтар бунёд намоем.
Далери Ибодзод,
Сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират
