Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии судман бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Навбаҳор баргузор намуд.
Ҳадафи асосии гузаронидани чорабинӣ ин огоҳ намудани сокинони ноҳия дар бораи ҷанбаҳои муҳими қонунгузории муҳоҷират, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, саривақт тарк намудани кишвари будубош баъд аз анҷоми муҳлати раводид ва хатарҳои эҳтимолии вобаста ба муҳоҷират мебошад.
Дар рафти суҳбат ба сокинон доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Аз ҷумла, қайд карданд, ки дар ҳолати зарур набудан ба қаламрави Федератсияи Россия сафар накунанд, инчунин доир ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ якчанд дастур доданд, ки тариқи телефонҳои мобилӣ низ ба гурӯҳҳое, ки оиди дуруст ё нодуруст буданаш маълумот надоранд шинос нашаванд ва фирефтаи нафарони бадхоҳ ва душманони миллат нагарданд.
Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

