8 – уми январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Шурои Хадамот оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар 12 моҳи соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баргузор гардид.
Дар маҷлиси Шурои Хадамот муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод, сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, муовинони сардори Хадамот, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, директорони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ иштирок намуданд.
Нахуст, Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо иштирокунандагонро муаррифӣ намуда, ба кори ҷаласа оғоз бахшид. Дар ҷаласа доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 муовини якуми Сардори Хадамот Шарифзода Маҳмадсалим Пир баромад намуда ќайд намуданд, ки татбиқи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 барои солҳои 2023-2025 ва такмил додани низоми омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ маркази муосири омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатиро аз таъмири асосӣ бароварда шуда, то муҳлати муқарраргардида биноро аз ҳама ҷиҳат барои муҳоҷирон омода месозад.
Нақша-чорабиниҳои мазкур аз 57 банд иборат буда, барои иҷрои онҳо саривақт ба ҳамаи кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супориш дода шуд.
Иҷрои бандҳои Стратегияи мазкур таҳти назорати Хадамоти муҳоҷират қарор дорад. Стратегияи мазкур санади ягонаи меъёрии ҳуқуқӣ мебошад, зеро бори аввал дар амалия дар доираи як Стратегияи муҳоҷират ҳамаи намудҳои муҳоҷирати аҳолӣ, ки қонунӣ дар қаламрави як кишвар ба амал бароварда мешаванд, баррасӣ карда мешаванд. Оид ба моҳият, ҳадаф ва вазифаҳои Стратегия мазкур мунтазам баромадҳо, машғулиятҳо ва семинарҳо гузаронида мешавад.
Бояд қайд кард, ки солҳои охир бо мақсади тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, истифодаи самараноки қувваҳои корӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва татбиқи сиёсати диверсификатсияи (гуногунсамтии) муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа бо як қатор давлатҳои хориҷӣ созишномаҳои марбутаи ҳамкорӣ баста шуданд, – афзуд Шарифзода М.
Сипас, ҳисоботи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ, Суғду Хатлон, инчунин шуъбаву бахшҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва директорони Марказаҳои машваратӣ оид ба фаъолияти солона ва камбудиҳои ҷойдошта шунида шуд.
Раисикунандаи ҷаласа Нодирзода Иматшо аз сардорони раёсатҳо, шуъбаву бахшҳо ва директорони МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе, ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ роҷеъ ба масъалаҳои ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар муҳлатҳои кўтоҳтарин ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар интиҳо муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Норзода Шариф Сангимурод аз фаъолияти Хадамоти муҳоҷират изҳори қаноатмандӣ карда, барои фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастурҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

