Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара якҷо бо сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Ҷамоати деҳоти Хонобод вохӯрии гурӯҳи корӣ бо сокинон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти маҳаллӣ бо аҳолӣ ба ҳисоб мерафт.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон оид ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, оқибатҳои манфии тақлид ба фарҳанги бегона, риояи қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қонунҳои марбут ба танзими ҷашну маросим, таасубу тақлид ба фарҳанги номақбули бегона, дурусту самаранок истифодабарии шабакаҳои интернетӣ ва роҳ надодан ба зиёдаравию ифротгароӣ, ба роҳ мондани кор дар самти касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони аз қаламрави Федератсияи Россия ихроҷ ва бозпасшуда, муҳоҷирати бехатар, муқовимат ба савдои одамон, пешгирӣ ва эҳтиёт шудан аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳарактҳои номатлуб ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм, хусусан дар муҳоҷират, риояи талаботи қонунгузории кишвари мазкур, оиди роҳ надодан ба ришвахӯрӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ, инчунин оид ба вазъи муҳоҷирони шаҳри Исфара, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ доранд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳ дода шуда, нуктаҳои калидии он вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар пешрафти давлат ба сокинон фаҳмонда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот сокинон фаъолона иштирок намуда, доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва мушкилоти маҳаллӣ саволҳо пешниҳод карданд. Ба саволҳои матраҳшуда аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ ҷавобҳои муфассал дода шуданд.
Дар анҷом зикр гардид, ки баргузории чунин вохӯриҳо минбаъд низ идома ёфта, ба таҳкими робитаи давлат ва ҷомеа, пешгирии падидаҳои номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

