• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Вохӯрии гурӯҳи кории МИҲД ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Рӯдакӣ

Migration Service by Migration Service
14.01.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Вохӯрии гурӯҳи кории МИҲД ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Рӯдакӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар, вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Рӯдакӣ Ҷамоати деҳоти Заркамар баргузор гардид.

Дар ҳайати гуруҳи корӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Хадамоти муҳоҷират, бахши ҷавонон, Комиссариати ҳарбӣ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҳамчунин намояндагони ҳизбӣ ва дигар мақомоти дахлдор иштирок намуданд.

Намояндаи Хадамоти муҳоҷират зимни баромад оид ба масъалаҳои муҳими марбут ба ислоҳоти соҳаи муҳоҷиратро мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид намуд, ки дар солҳои охир сиёсати давлат дар ин самт ба танзими босамар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти қонунии онҳо равона гардидааст.

Зикр гардид, ки бо назардошти тағйироти ҷойдошта дар қонунгузории Федератсияи Россия, огоҳ будани шаҳрвандон аз талаботи нави ҳуқуқӣ, тартиби будубош, фаъолияти меҳнатӣ ва масъулиятҳо аҳамияти махсус дорад. Дар ин замина, намояндаи Хадамоти муҳоҷират сокинонро ба риояи қонунҳо ва истифодаи танҳо роҳҳои қонунии муҳоҷират даъват намуд.

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки тибқи Стратегияи танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, таваҷҷуҳи махсус ба диверсификатсияи муҳоҷират, яъне ҷалби шаҳрвандон ба бозорҳои меҳнатӣ дигар кишварҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии муҳоҷирон ва коҳиш додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ зоҳир мегардад.

Дар идомаи суханронӣ таъкид шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ соҳибкасб намудани ҷавонон мебошад. Зеро доштани касбу ҳунар имконият фароҳам меорад, ки ҷавонон ҳам дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин гарданд ва ҳам ҳангоми муҳоҷират дар хориҷ аз кишвар ҳамчун мутахассисони рақобатпазир фаъолият намоянд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуд ва аҳамияти он дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид гардида, доир ба имкониятҳои шуғли аҳолӣ, касбомӯзӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ ба сокинон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Вохӯрӣ дар фазои озоди муколама баргузор гардида, сокинон ба намояндагони гурӯҳи корӣ саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда гирифтанд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Вохӯрии навбатӣ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ

Next Post

Шарҳу тавзеҳи Паём миёни сокинони ноҳияи Фархор

Next Post
Шарҳу тавзеҳи Паём миёни сокинони ноҳияи Фархор

Шарҳу тавзеҳи Паём миёни сокинони ноҳияи Фархор

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.