14 январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират вохӯрии судманд ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баргузор гардид.
Дар он Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо, муовини якуми Сардори Хадамот Шарифзода Маҳмадсалим Пир, сардорони Раёсат ва шуъбаву бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ҳузур доштанд.
Дар чорабинӣ сардори шуъбаи ташкилӣ ва умумӣ Хадамоти муҳоҷират Маҳмадуллозода Фирӯза иброз намуд, ки маҳз тавассути ироаи Паём аз ҷониби Сарвари давлат ҳадафгузории мушаххас ҷиҳати таҳкими ваҳдату ягонагӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ба роҳ монда шуда, механизмҳои муассири татбиқи амалии ҳадафҳои мазкур пешниҳод карда мешаванд ва баҳри ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар самти ҳифзи манофеи миллию татбиқи ҳадафҳои стратегӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд.
Қайд гардид, ки Паём ҳамчун санади муҳими консептуалӣ бо дарназардошти таҳлилҳои амиқу гуногунҷанбаи вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳони муосир самтҳои авзалиятноки сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро муайян намуда, тамоми сохторҳои давлатиро ба таври мушаххас масъул ва вазифадор месозад.
Дар ин замина, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, то баҳри нигаҳдории асолату ҳифзи манофеи миллӣ, амнияти давлатӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ якдилона талош намуда, бо эҳсоси баланди масъулият ва қарзи шаҳрвандию фарзандӣ назди Ватан дар тафаккури наслҳои имрӯзаву фардоиён зиракии сиёсӣ, посдории арзишҳои миллӣ, роҳ надодан ба бегонапарастӣ ва мубориза бо унсурҳои фарҳанги ғайрро талқин намоянд.
“Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳими рушди технологияҳои инноватсионӣ, татбиқи иқтисоди рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ, суръатбахшии саноатикунонии кишвар ва дигар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд”, — афзуд Маҳмадулозода Ф.
Тазаккур дода шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ҳуҷҷати тақдирсоз маҳсуб ёфта, дастуру супоришҳои дар он додашуда бояд ҳамчун барномаи амал барои ҳар як корманд ва ниҳод истифода гардад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

