Санаи 14 январи соли 2026 дар толори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ, сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Камолзода Саид баромад намуда қайд намуд, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии кишвар фарогири ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад.
Зикр карда шуд, ки Паём яке аз муҳимтарин санадҳои барномавие аст, ки дар он на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимоли равандҳои ояндаи дохилӣ, минтақавӣ ва глобалӣ аз нигоҳи илмӣ баён гардидааст. Аз ин рӯ, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бо камоли дақиқият ва аз лиҳози таҳлилҳои воқеъбинонаю дурандешона муайян менамояд ва барои мардуми мамлакат чун дастури раҳнамо ба сӯи созандагию бунёдкориҳои нав хизмат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳиму самарабахш амалӣ карда шуданд.
Имрӯз, нақшаву ҳадафҳои мо дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти пурсамар дар соли 2026 пурра зикр гардидааст ва танҳо моро мебояд, ки бо азму садоқати устувор, бо ҷидду ҷаҳд софдилона барои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, махсусан барои дар сатҳи баланд ва бо иҷрои нақшаи корҳои ободониву созандагӣ истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ кору фаъолият намоем.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

