Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрии судманде, ки дар Ҷамоатҳои деҳоти Деҳқонобод ва Зафари ноҳияи Фархор баргузор гардид, тавзеҳ дода шуданд.
Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими сиёсию стратегӣ самтҳои асосии рушди мамлакатро муайян намуда, барои тамоми қишрҳои ҷомеа роҳнамои фаъолияти минбаъда маҳсуб мешавад. Таъкид гардид, ки тамоми масъалаҳои дар ин санади муҳим пешниҳодшуда муҳим ва саривақтӣ буда, омӯзиши амиқ ва татбиқи амалии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи шаҳрвандон мебошад.
Нотиқон махсусан ба мавзуъҳои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи асосии об, истифодаи зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаҳо, рушди технологияҳои муосир ва истифодаи самараноки имконоти рақамӣ таваҷҷуҳ намуданд.
Гуфта шуд, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва амнияти комил зиндагӣ мекунанд ва ин неъматро махсусан ҷавонон бояд қадр намоянд. Ҷавонон бояд ба Ватан содиқ бошанд, масъулияти ояндаи миллату давлатро аз имрӯз эҳсос намоянд, донишу малакаи замонавӣ омӯзанд ва дар пешрафти мамлакат саҳм гузоранд. Ҳамчунин омӯзгорон таъкид карда шуданд, ки ба донишҳои муосир, технологияҳои нав ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.
Баён гардид, ки соли 2026 бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ маҳсуб мешавад. Дар ин замина дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор бояд тамоми сокинон дар ободонии Ватан саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамзамон, намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба таваҷҷуҳи сокинони ноҳия расонид, ки қоидаи нави будубош тибқи қонуни Федеролии аз 1 январи соли 2025 доир ба принсипи 90/365 амал мекунад. Мутобиқи қоидаҳои амалкунандаи қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Россия: шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонанд на зиёда аз 90 рӯз дар давоми як соли тақвимӣ (365 рӯз) дар қаламрави Россия қарор дошта бошанд; соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр ҳисоб карда мешавад; шумораи рӯзҳои будубош дар Россия дар давоми сол ҷамъ карда мешавад ва набояд аз 90 рӯз зиёд гардад.
Муҳим аст донистанд, ки бо фаро расидани соли нави тақвимӣ (аз 1 январ), ҳисобкунии рӯзҳои будубош аз нав оғоз мегардад. Ҳар як рӯзи ҳузури Шумо дар Федератсияи Россия, новобаста аз мақсади сафар, ба ҳисоби рӯзҳои будубош дохил мешавад; рӯзҳои ворид шудан ва хориҷ шудан аз кишвар низ ҳамчун рӯзи будубош ҳисобида мешаванд; агар дар як соли тақвимӣ 90 рӯз пурра истифода шуда бошад, шаҳрванд вазифадор аст қаламрави Федератсияи Россияро тарк намояд.
Дар сурати зиёд шудани муҳлати иҷозатдодашудаи будубош: нисбат ба шаҳрванд метавонад ҷарима татбиқ гардад; қарор дар бораи хориҷкунии маъмурӣ қабул карда шавад; инчунин мумкин аст манъи воридшавӣ ба Федератсияи Россия барои муҳлати муайян муқаррар гардад.
Агар Шумо ният дошта бошед, ки дар Федератсияи Россия зиёда аз 90 рӯз бимонед, зарур аст яке аз мақомҳои қонунии зеринро сари вақт ба расмият дароред: гирифтани патент барои фаъолияти меҳнатӣ; таҳсил дар донишгоҳи аккредитатсияшуда дар назди мақомоти давлатии РФ; гирифтани иҷозатномаи муваққатии иқомат (РВП); гирифтани иҷозатномаи доимии иқомат (ВНЖ).
Дар сурати доштани яке аз ин мақомҳои ҳуқуқӣ, маҳдудияти 90 рӯз татбиқ намегардад. Пеш аз анҷоми 90 рӯзи будубош ҳолати ҳуқуқии худро санҷед; ҳуҷҷатҳои лозимиро пешакӣ ба расмият дароред; қоидаҳои муҳоҷиратиро қатъиян риоя намоед, то аз мушкилоти ҳуқуқӣ эмин бошед. Маълумоти мазкур бо мақсади огоҳонии муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод гардида, барои истифодаи иттилоотӣ тавсия дода мешавад.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар ин самт ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва масъулини он дар минтақаҳои Россия муроҷиат намоед.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират

