Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар ҳамбастагӣ бо бахши Хадамоти муҳоҷират, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, КИ ҲХДТ дар ноҳия ва дастгоҳи Ҷамоати деҳоти Шаҳринав бо сокинон, фаъолон ва аъзои оилаи муҳоҷирон вохӯрӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ баромадкунандагон доир ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ибрози андеша намуданд.
Ҳамчунин, вобаста ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, пешгирии баъзе ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, самаранок истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсии мардум, садоқат ба халқу Ватан, сарҷамъ гардидан дар атрофи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд.
Инчунин, оиди масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинии сокинон суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки дар баробари таваҷҷуҳи хос ба рушди илму маориф ва дастгирии ҷавонон, дар Паёми имсолаашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Расул Ҷаборзода оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, бахусус кишвари Россия, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремисти, ифротгарову хуруфотпараст ва оиди бемориҳои вируси норасоии масъунияти бадан (ВИЧ/СПИД) корҳои фаҳмондадиҳӣ суханронӣ намуд.
Инчунин, ба ҳозирин оиди меъёрҳои Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024 оиди кам мондани мӯҳлати ба роҳ мондани фаъолият ва будубоши қонунӣ худ ба кашолакориҳо роҳ надиҳанд ва ба мақомоти корҳои дохилии минтақаи фаъолияташон муроҷиат намуда, вазъи ҳуқуқии худро қонунӣ намоянд.
Дар анҷом, ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

