Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ ва иҷтимоӣ самтҳои асосии рушди кишварро муайян намуда, масъалаҳои калидии соҳаи иҷтимоиётро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор медиҳад. Дар Паём сиёсати иҷтимоии давлат ҳамчун пояи рушди устувор ва таъмини зиндагии арзанда арзёбӣ гардида, таваҷҷуҳ хоса ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуғли аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва таҳкими мавқеи иҷтимоии занон равона гардидааст.
Дар Паём таъкид гардид, ки ҳадафи аслии сиёсати давлатӣ беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад. Сарвари давлат иброз доштанд, ки рушди иқтисодӣ бояд пеш аз ҳама ба манфиати мардум равона гардад ва натиҷаҳои он дар беҳтар шудани шароити иҷтимоии шаҳрвандон таҷассум ёбад. Ин равиш моҳияти инсонмеҳварии сиёсати иҷтимоии Тоҷикистонро инъикос намуда, нишон медиҳад, ки давлат масъулияти иҷтимоии худро дар назди ҷомеа ҳамчун вазифаи доимӣ баррасӣ менамояд.
Соҳаи маориф дар Паёми навбатӣ ҳамчун омили ҳалкунандаи рушди ҷомеа ва ояндаи давлат арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва рақобатпазир бе низоми пешрафтаи таълим имконнопазир аст. Дар ин замина, масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба талаботи замони муосир, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва боло бурдани мақоми омӯзгорон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Пешвои миллат дар хусуси соҳаи маорифи кишвар ҳамчун соҳаи афзалятнок ва калидӣ чунин ибрози андеша намуданд: “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад”.
Албатта, чунин мавқеъ идомаи сиёсати устувору пайгиронаро дар соҳаи маориф собит месозад ва ҳамин андешаҳо нақши сармояи инсонӣ, аҳамияти стратегию дарозмуддати соҳаи маорифро равшан нишон медиҳанд. Маблағгузории давлатии соҳаи маориф ва ба ин васила таҷдиду такмил додани низоми таълиму тарбия ва ба стандарти ҷаҳонӣ, сатҳи давлатҳои пешрафтаи дунё мутобиқ гардонидани ин соҳаи калидӣ, яке аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ ба назар мерасад. Чуноне ки аз Паём бар меояд, ҳамасола маблағгузории ин соҳа на кам аз 21 фисади буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат иброз намуданд: “Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад”.
Бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар кишвар ва зиёд гардидани хонандагони муассисаҳои таълимӣ омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сатҳу сифати таълим яке вазифаҳоии муҳими соҳаи маориф ба шумор меравад. Дар робита ба ин, аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид гардид, ки тибқи таҳлилҳо теъдоди хонандагони кишвар то соли 2050 ба 4 миллион нафар мерасад. Аз ин лиҳоз, дар масаъалаи омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот, яъне омодагӣ ҷиҳати гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим аҳамияти хоса зоҳир карда шавад.
Дар маҷмӯъ, Паёми Пешвои муаззаму маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 ҳамчун роҳнамои фарогир ва ояндасоз барои рушди соҳаи иҷтимоӣ хизмат менамояд. Самтҳои муайяншудаи сиёсати иҷтимоӣ ба рушди сармояи инсонӣ, таҳкими суботи ҷомеа ва бунёди давлати иҷтимоии муосир равона гардида, барои пешрафти минбаъдаи кишвари азизу маҳбубамон – Тоҷикистони биҳиштосо заминаи боэътимод фароҳам меоранд.
Наботов Насим,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

