• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

ДУШАНБЕ – ШАҲРИ АМАЛИСОЗИИ ИҚДОМОТИ ШОИСТА

Migration Service by Migration Service
16.01.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
ДУШАНБЕ – ШАҲРИ АМАЛИСОЗИИ ИҚДОМОТИ ШОИСТА
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар моддаи 4-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст». Воқеан, шаҳри Душанбе симои Ватани маҳбуби мо, муаррифгари фарҳангу маънавиёт ва расму ойини шаҳрдорӣ мебошад. Душанбе шаҳри сулҳу дӯстӣ, маскани фарҳангу маърифат, хонаи умеди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ва ганҷинаи бебаҳои илму маънавиёт аст. Душанбе барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон азизу муқаддас буда, макони амалисозии иқдомоти шоиста ва умеду орзуҳои неку созанда мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва зери сиёсати хирадмандонаю устуворонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ рушду такомул ёфта, баҳри татбиқи воқеии сиёсати давлатӣ дар соҳаҳо ва такомули ҷаҳони маънавии ҷомеаи кишвар дар асоси стратегияҳои мушаххас чорабиниҳо ва барномаҳои аҳамияти сиёсиву фарҳангӣ, илмию оммавидошта амалӣ гардиданд, ки ин раванд бевосита аз пойтахти азизи мо – шаҳри Душанбе оғоз гардида, ҷиҳати инкишофи соҳаҳо, ҷалби бештари шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, баланд бардоштани мақоми пойтахт ҳамчун маркази илмию маърифатӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ нигаронида шуданд.

Маҳз бо ҳидояту дастгириҳои Бунёдгузори давлати навини тоҷикон, Пешвои адабпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷӯҳу ташаббусҳои созандаю ободкоронаи Раиси ҷавону ватандӯсти шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир пойтахти азизамон ба шаҳри сабзу дилоро, маскани фарҳангию сайёҳӣ ва ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявию байналмилалӣ мубаддал гардида, ҷавлонгоҳи меҳнату зиндагии осоиштаи мардум, хуррамбоғи фароғату роҳати пирони барнодил ва дунёи равшану босафои кӯдакону ҷавонон шуд, ки ҳар як сокини он ифтихорманду сарфарозу сипосгузор ҳастанд.

Дар зарфи 10 соли охир бунёду сохтмон, таъмиру азнавсозӣ, таъсису ташкили иншооти гуногун дар ҳудуди шаҳри Душанбе, аз қабили биноҳои маъмурии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумони мамлакат, як қатор вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳо, суду прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ, қисми ҳарбӣ ва дигар сохторҳои мудофиа, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, бонкҳо, мактабу боғчаҳои кӯдакона, коллеҷу мактабҳои санъати бачагона, академияву донишгоҳҳо, марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, китобхонаю осорхона, сохторҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти молияву андоз, инфрасохтори соҳаи нақлиёт, роҳҳои дохилишаҳриву эстакадаҳо, заводу фабрикаҳо, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, беморхонаю маҷмааи тандурустӣ, марказҳои ташхисӣ-табобатӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, амфитеатрҳо, телевизиону радио, гулгашту хиёбон, ҳайкалу пайкараҳои бузургони илму адаб ва сиёсати тоҷик, марказҳои рушди соҳибкорӣ, инноватсия ва рақамикунонӣ, варзишгоҳ, маҷмааву майдончаҳои варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ, бозору марказҳои савдо, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, тарабхонаю ошхонаҳо, чойхонаву меҳмонхонаҳои замонавӣ ва дигар тадбирҳо вусъат ёфта, ба симои пойтахти маҳбубамон намои дигар бахшиданд, ки ин гуна иқдомоти шоиста минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Агар ҳамаи дастоварду музаффариятҳои шаҳри Душанберо рӯйи коғаз оварем ба даҳҳо китобу маҷмӯа табдил меёбад, вале мардуми саодатманди кишвар, хусусан сокинони шарафманди пойтахт дарк кардаанд ва дида истодаанд, ки чӣ қадар муваффақияту музаффарият ва дастовардҳои назаррас барои онҳо эҳдо мешаванд.

Яке аз дастовардҳои муҳим ин бунёди маҷмааи “Истиқлол” дар маркази пойтахт мебошад, ки 8 сентябри соли 2022 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ гардид ва басо рамзӣ мебошад. Баландии он 121 метр буда, қисми поёнӣ 30 метр, яъне рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисми болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри ХХ ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд. Ин маҷмаа ҳамчун рамзи истиқлолу озодӣ ба макони баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва ҷойи тамошобоби меҳмонону сокинони пойтахт табдил ёфт.

Мавриди зикр аст, ки гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ симои шаҳрро дигаргун сохта, маскани фароғату осоиши мардум ва макони баргузории чорабиниҳои гуногун мебошанд. Махсусан, дар чанд соли охир шумораи боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳр баъди азнавсозии бархе аз боғҳо ва бунёди боғҳои нав ба 18 адад расид, аз ҷумла боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Алишер Навоӣ», «Умари Хайём», «Аҳмади Дониш», «Садриддин Айнӣ», «Восеъ», «Куруши Кабир», «Мироненко», «Парчами миллӣ», «Нишони давлатӣ», «Боғи Ирам», «Кӯли ҷавонон», «Наврӯзгоҳ», «Ғалаба», «Ҷавонон», «Кӯдакон» ва «Боғи ҳайвонот», ки ҳамарӯза баҳри фароғати сокинону меҳмонони шаҳр хизмат мерасонанд.

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи «Дарҳои кушода»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизбони баргузории чорабиниҳо ва ҷаласаҳои сатҳи олии байналмилалию минтақавӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ғайра гардид, ки ин иқдом баҳри муаррифии шоистаи пойтахти кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Бо қарори Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пойтахти маҳбуби тоҷикон – шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 эълон гашта буд, ки ин боз як муждаи нек барои мардуми тоҷик мебошад. Ба ин муносибат низ чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ сурат гирифта, пойтахти фарҳангӣ будани шаҳри Душанберо бозгӯ намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки чанд рӯз қабл Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо як гурӯҳ бостоншиносон, таърихнигорон, фарҳангшиносон ва дигар намояндагони илму адаб вохӯрӣ анҷом дода, дар он масъалаи бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт. Ин ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби мардуми кишвар хуш пазируфта шуда, онро дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ тавассути эҳёи хотираи таърихӣ мувофиқи мақсад шумориданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, иқдоми мазкур идомаи мантиқии сиёсати давлатдории миллӣ ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат мебошад ва дар самти эҳёву таҳкими таъриху тамаддун, забону фарҳанг, адабиёти оламшумули тоҷик ва арзишҳои миллӣ равона шудааст. Албатта, бунёди ин маҷмаа ба симои пойтахти нозанинамон боз ҳам ҷилои дигар хоҳад бахшид.

Воқеан, Душанбе шаҳри сулҳу сафо, пойтахти фарҳангӣ, маскани умедбахшу орзупарвари ҷавонону наврасон, хазинаи пурганҷи илму маърифат, макони сайёҳию ҳунармандӣ ва хонаи умеди кулли тоҷикони ҷаҳон мебошад.

Зеро ҳар як сокини ифтихорманди пойтахт бо дарки баланди масъулияти инсонӣ, эҳсоси ватандӯстию худшиносӣ ва ифтихори давлатдорӣ баҳри ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, эҳтироми муқаддасоти Ватан, пос доштани номи неки пойтахт камари ҳиммат баста, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи он, ободиву созандагӣ ва сабзкории пойтахт софдилонаю содиқона хизмат намуда, саҳми шоистаи хешро мегузоранд.

Албатта, тадбирҳои андешидашуда дар самти рушди кишвар, хусусан пойтахти он барои тақвияти сатҳи маънавии ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, рушди минбаъда ва беҳтар сохтани фаъолияти тамоми соҳаҳо равона гардида, ҳар яки моро водор месозад, ки иқтидори илмию эҷодӣ ва меҳнатии худро ба нафъи кишвар сафарбар намуда, бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ дар пойдории давлати соҳибистиқлоламон саҳми худро гузорем.

Нодирзода Иматшо – Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Previous Post

Паёми Пешвои миллат – ҳамчун пояи рушди устувор ва таъмини зиндагии арзанда арзёбӣ гардид

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.