Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо ва тамоми мардуми сайёра ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад.
Минтақа ва ҷаҳони имрӯз ба ҳаводиси даҳшатбори экстремизм, радикализм ва терризми динӣ-мазҳабӣ рӯз дар миён дар қолаби ислом сиёсӣ даргир мешавад ва мақомоти расмӣ, ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи маданӣ ва умуман, мардуми минтақаҳои гуногуни ҷаҳон саъю талош меварзанд, ки дасти дарози ин даҳшатафканиро бигиранд, аммо чунон ки шоҳид ҳастем вазъ беҳбудӣ намеёбад, балки рӯз аз рӯз вазъ ва қолабҳо муташанниҷ мегарданд.
Терроризм ва экстремизм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад. Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст: сатҳи пасти дониши дунявӣ ва динӣ, маърифатӣ ҳуқуқӣ, моддӣ, пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ ва ғайраҳо.
Ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усули пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст. Алҳол вазъи марбут ба аъмоли террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои
гуногуни ҷаҳон ҳатто фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузории онҳо ба мушоҳида мерасад.
Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст, ки ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ намуда истодааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ доимо қайд менамоянд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шукри беҳад, ки туфайли сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвли муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо аст, вале падидаҳои даҳшатноку марговари террористии кишварҳои гуногун ба кишвари мо низ бетаъсир нахоҳад монд. Аз ин лиҳоз гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлубу даҳшатовар вазифаи ҳар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандӯсту ояндасоз мебошад.
Додихудоева Дилафрӯз,
Мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагидорӣ раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе
