Имрӯзҳо дар бораи нашъамандӣ ва оқибатҳои мудҳиши он тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла наврасон, ҷавонон ва калонсолон иттилоъ доранд. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ашхоси солимақл нашъамандиро ҳамчун амали номатлуб маҳкум менамоянд. Агар яке аз сабабҳои ин аз таҷрибаи зиндагӣ шунидану дидани ҳоли нашъамандон бошад, сабаби дигар аз ҷониби давлат ва мақомоти марбутаи он роҳандозӣ намудани чорабиниҳои иттилоотии дорои хусусияти зиддинашъамандӣ ва муқовимат бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.
Пас аз аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун як давлати муқтадир дар соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳо соҳиби истиқлол гардид, аммо бо мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ дар натиҷаи нофаҳмиҳо ва кашмакашҳои дохилӣ, бо дахолати неруҳои беруна, ба заиф гардидани давлат оварда расониданд. Яъне, пас аз соҳибистиқлол гаштан ва канда шудани робитаҳо кишвар бо мушкилоти гуногун, аз ҷумла иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ рӯ ба рӯ гардид.
Пӯшида нест, ки дар замони муосир нашъамандӣ яке аз мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ҷомеаи башариро ба ташвиш овардааст. Аз омор бармеояд, ки ҷавонон бештар ба истеъмоли маводи нашъаовар гирифтор мешаванд, ки он ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддии асри XXI ба эътидол овардани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳо ва минтақаҳои алоҳидаро таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар аз истеъмоли маводи мухаддир ранҷ кашида, ҳазорон ҷавон ҷони худро аз даст медиҳанд.
Мутахассисони соҳаи тиб исбот намудаанд, ки нашъамандӣ ҳамчун бемории хатарнок ба тамоми узвҳои дохилии инсон таъсири манфӣ расонида, боиси бемориҳои асаб, гурда, дил ва дигар бемориҳои вазнин мегардад ва дар ниҳоят инсонро ба марг мерасонад. Теъдоди нафароне, ки ба истеъмоли маводи нашъаовар рӯ меоранд, зиёд буда, онҳо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла дур шудан аз мушкилоти зиндагӣ, нодонӣ ё таъсири муҳити номуносиб ба ин амали номатлуб даст мезананд.
Аксаран чунин ашхос ба кирдорҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла дуздӣ, зӯроварӣ ва дигар ҷиноятҳо роҳ медиҳанд, зеро истеъмоли нашъа онҳоро аз ақлу хирад ва идрок дур месозад. Дуруст аст, ки нашъамандӣ вабои аср буда, ҷомеаро заиф мегардонад ва ба ҳар як оила мусибат меорад. Олимон ва мутахассисони соҳаи тиб нишонаҳои нашъамандиро ҳамчун бемории иҷтимоӣ арзёбӣ намудаанд. Нашъаманд шахсе мегардад, ки аз тамоми хушиҳои зиндагӣ маҳрум шуда, ҳадафи асосии ӯ танҳо пайдо намудани маводи нашъаовар мегардад.
Имрӯз аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ин бемории иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд. Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳои худ масъалаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ намуда, барои пешгирии нашъамандӣ ва ҳифзи насли ҷавон дастуру супоришҳои муҳим медиҳанд.
Ҷавонон бояд якҷо бо аҳли оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа бар зидди нашъамандӣ мубориза бурда, дар ҳолатҳои зарурӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд. Нашъамандӣ ва паҳншавии маводи мухаддир дар ҷомеаи имрӯза ҳамчун мушкили глобалӣ эътироф гардида, хатарнок будани он барои инсоният бесабаб нест.
Имрӯз истифодаи ғайриқонунии воситаҳои нашъадор яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои пешгирии он санадҳои дахлдор қабул намудаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи татбиқи стратегияҳои миллӣ чораҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Гулмаҳмадзода Шамшод,
Сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

