Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки бо таҳдидҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва тағйирёбии босуръати равандҳои геополитикӣ тавсиф меёбад, Паёми Пешвои миллат бори дигар масъулияти давлат ва ҷомеаро барои ҳифзи субот, таҳкими истиқлолият ва рушди устувор таъкид намуда, бо назари амиқ ва таҷрибаи бойи давлатдорӣ масъалаҳои калидии ҳаёти кишварро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, роҳҳои ҳалли амалии онҳоро пешниҳод менамоянд.
Яке аз масъалаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ин рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардондани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад. Пешвои миллат ба истифодаи самараноки захираҳои дохилӣ, рушди саноатикунонӣ, дастгирии соҳибкории миллӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Ин ҳама тадбирҳо ба он равона шудаанд, ки иқтисодиёти Тоҷикистон рақобатпазир ва ба шароити ҷаҳонӣ мутобиқ гардад.
Дар Паём масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, бахусус маорифу тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва нақши занон дар ҷомеа мавқеи хос дошта, бо назардошти ин дар Паёми имсола аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қайд карда шуд, ки тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд.
Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфта, барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардидааст. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расидааст. Дар ин муддат сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт.
Илова бар ин, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфтааст ва соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад. Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад.
Инчунин, дар Паёми мазкур аз ҷониби Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда шуд, ки Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он дар давоми даҳ соли охир ду фоизи солона, яъне беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд.
Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ бояд чораҳои судманд андешида шаванд. Ба шуғли расмӣ ҷалб кардани аҳолии қобили меҳнат, таъмин намудани кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи қувваи корӣ, тақвияти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт мебошанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо вазифадоранд, ки татбиқи самарабахши нишондиҳандаҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатиро ҷиҳати дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи корӣ ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъмин созанд.
Дар ин росто, ба масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагони марказҳои таълимӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус, дар навбати аввал, занон, маъюбон ва дигар гурӯҳҳои аҳолии ба дастгирии иҷтимоӣ эҳтиёҷманд бояд эътибори хосса дода шавад.
Дар маҷмӯъ, Паёми Пешвои миллат дар соли 2025 ҳамчун санади роҳнамо ва ҳадафгузор, тамоми ҷомеаи Тоҷикистонро ба ҳамбастагӣ, заҳмати содиқона ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ даъват намуда, иҷрои саривақтӣ ва пурраи дастуру супоришҳои дар Паёми имсола зикршуда кафили пешрафти минбаъдаи давлат, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум хоҳад буд.
Абдушаҳидов Ҳумоюн,
Сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

