Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва МД “Марказҳои таълимию рушди ҳунармандӣ” дар доираи лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ”, ҷалб намудани шаҳрвандони бекор, муҳоҷирони меҳнатии ихроҷгардида ва осебпазир ба касбомӯзӣ, забономӯзию корҳои мавсимию доимӣ дар дохили кишвар, вохӯрии судманд бо сокинони шаҳр баргузор гардид.
Намояндагони лоиҳаи “Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ” дар минтақаи Кӯлоб, мутахассисони шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва МД “Марказҳои таълимию рушди ҳунармандӣ” дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба касбомӯзӣ, ҷалб намудани шаҳрвандони осебпазир, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии ихроҷгардида ба ҳозирин маълумоти муфассал доданд.
Аз ҷумла, дар рафти вохӯрӣ мутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб Тағоев Б., оид ба риояи қонунгузории кишвари иқомат, бахусус Федератсияи Россия, тартиби ба роҳ мондани фаъолияти ҳар як муҳоҷир тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, барасмиятдарории саривақтии ҳуҷҷатҳои дахлдори танзимкунандаи будубоши қонунӣ, дури ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ифротгарову хуруфотпарастӣ ва оиди бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуда, тавсияҳои муфид дод.
Таъкид гардид, ки дар доираи меъёрҳои Фармони Президенти Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024 оиди кам мондани муҳлати ба роҳ мондани фаъолият ва будубоши қонунӣ худ ба кашолакориҳо роҳ надиҳанд ва ба мақомоти корҳои дохилии минтақаи фаъолияташон муроҷиат намуда, вазъи ҳуқуқии худро қонунӣ намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи Стратегияи танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, таваҷҷуҳи махсус ба диверсификатсияи муҳоҷират, яъне ҷалби шаҳрвандон ба бозорҳои меҳнатӣ дигар кишварҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии муҳоҷирон ва коҳиш додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ зоҳир гардида, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат соҳибкасб намудани ҷавонон мебошад. Зеро доштани касбу ҳунар имконият фароҳам меорад, ки ҷавонон ҳам дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин гарданд ва ҳам ҳангоми муҳоҷират дар хориҷ аз кишвар ҳамчун мутахассисони рақобатпазир фаъолият намоянд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Қайд гардид, ки барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ муҳим буда, имкониятҳои шуғли аҳолӣ, касбомӯзӣ ва дигар хизматрасониҳои давлатӣ аҳамияти хос дорад.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

