Мувофиқи нақшаи кории раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи гузаронидани корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ашт Назарова Сулҳия якҷо бо сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия Қодиров Ҷавоҳир вохӯрии навбатӣ бо сокинон дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, муҳоҷирати бехатар, пешгирии бегонапарстӣ ва пос доштани фарҳанги аҷдодии миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрам байни сокинон баргузор гардид.
Зикр гардид, ки муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки пеш аз оғози фаъолияти корӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, пас ба фаъолият оғоз намоянд, ҳуҷҷатҳои будубош ва қайди муваққатии худро дар доираи талаботҳои қонунгузории кишвари иқомат таҳия намоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба тағйироти охир дар қонунгузории кишвари Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби таҳсил ва идомаи таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ ва мактабии кишвари иқомат ва дигар масъалаҳои марбут дар ин самт иттилоъ дода шуд.
Инчунин, ба шаҳрвандон вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолияти ташкилотҳои террористиву экстремистидошта, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ, хатари бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои сияротшавии шаҳрвандон машварат дода шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти мухочират

