Мавқеи зан-модар дар таърих ва фарҳанги тоҷику форс мақоми шоиста дорад. Дар осори олимони тоҷик зан-модар мақоми хосса дошта, ҳамчун офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо ва нигаҳдорандаи фарҳанг, ҳурфу одат тасвир шудааст. Боиси хушнуди аст, ки дар сиёсати имрӯзаи давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи таҳкими ҳуқуқҳои занон ва боло бурдани нақши онҳо ҷойгоҳи муҳим дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунад, ки зан – модар офарандаи ҳаёт ва сарчашмаи меҳру муҳаббат буда, давлат таъмин кардани ҳуқуқу манфиатҳои занонро ҳамчун самти афзалиятнок пеш мебарад
Маврид ба ёдоварист, ки бо фармони Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 Барномаи махсуси ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатӣ ва мубориза бо ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи занон қабул шуд. Соли 2001 бошад Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси ин дастур, Барномаи давлатиро таҳти унвони “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон барои солҳои 2001–2010” тасдиқ намуд.
Дар заминаи ин санадҳо баробарии ҳуқуқу имкониятҳои занону мардон ва иштироки фаъолонаи бонувон дар зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тадриҷан амалӣ мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳои худ даъват мекунанд, ки нисбат ба зан – модар ҳамеша эҳтиром ва ғамхориро ба ҷо овард. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳифзи ҳуқуқи занон ҷузъи муҳими сиёсати пешгирифтаи давлат мебошад. Бо ташаббуси Пешвои миллат ва ҳукумати кишвар давоми солҳои охир як силсила қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ барои боло бурдани вазъи иҷтимоиву иқтисодии занон рӯи кор омадаанд. Аз ҷумла:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалисозии онҳо” (соли 2005), ки пояи ҳуқуқии сиёсати гендериро таҳким бахшид.
Қобили зикр аст, ки роҳбарияти Олии мамлакат, ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ин масъала ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.
Бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои то имрӯз ба дастомада нишон медиҳанд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар ҳақиқат самараи нек дода истодааст. Ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз занонро ҳамчун шарикони баробарҳуқуқ дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ эътироф мекунад. Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи модар, афзоиши иштироки занон дар идораи давлат, баланд шудани мақому манзалати зан дар оила аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои возеҳи ин пешравист. Хулоса, нақши Пешвои миллат дар рушди мавқеи занон калидӣ буда, мавқеи бонувони тоҷикро баданд бардоштааст.
Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 иди 8 март расман аз “Рӯзи байналхалқии занон” ба “Рӯзи модар” тағйир дода шуд. Минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 8 мартро ҳамчун Рӯзи Модарон ҷашн мегиранд. Ҷашнгирии расмии 8 март ҳамчун иди давлати аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Зан – Модарро эҳтиром ва ҳифз мекунанд.
Метавон зикр намуд, ки дар замони имрӯз масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на ҳамчун шумораи зиёди аҳолӣ, балки ҳамчун кормандони бомуввафақ низ дар ҷомеа аз ҷониби Роҳбари давлат эътироф карда шудаанд. Онҳо нисбат ба мардон дар соҳаҳои муҳим ба монанди тиб, маориф, кори иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳубини фарзандон, соҳаи хизматрасонӣ ва ғайра бартарӣ доранд.
Раҳматуллозода Фароғат,
Сармутахассиси бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират
