Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич дар деҳаҳои Эшонқургон ва Гули Ҷамоати деҳоти Газантарак вохӯрии навбатӣ бо сокинону фаъолони деҳа бо иштироки муовини Раиси ноҳия Файзуллозода Н., намояндаи Кумитаи давлатии амнияти милли ноҳия Давлатзода Ҷ., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Мамурзода Р, мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Иброҳимова З., муовини раиси Ҷамоати деҳоти Газантарак Ҷалилов Ёр., мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Одилов К., ва раисони маҳаллаҳо баргузор гардид.
Мавзуи асосии вохӯрӣ расонидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷ баргузор гардид, аз тарафи масъулин ба иштироккунандагон фаҳмонида шуд.
Дар вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯза, даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, теророризму экстремизм, муҳоҷирати бехатар, оид ба татбиқи стратегияи давлатии муқовимат бар зидди коррупсия гузаронида шуд.
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Одилов К., оид ба муаммоҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дучори муҳоҷирон мегардад сухан ронда, муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳоро огоҳонид, ки ҳангоми сафар кардан ба давлатҳои хориҷӣ, хусусан ба Федератсияи Россия аз қонуну қоидаҳое, ки дар он давлат амал мекунад, воқиф буда, тартиби будубошро ва тартиби фаъолияти меҳнатиро риоя кунанд.
Аз ҷумла, доир ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қаламрави Федератсияи Россия ворид мегарданд, оиди тагйиротҳои воридкардашуда ва шиносоӣ бо қонунҳои амалкунанда, суҳбат гузаронида шуд.
Ҳамзамон, ба сокинон барои муҳоҷирати бехатар ба давлатҳои хориҷа, якчанд дастуру супоришҳо оиди барасмиятдарории хуҷҷатҳо ва барои гирифтани иҷозатномаи кор дар хориҷа дастур дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

