Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дӯстӣ вохӯрии саривақтӣ бо сокинони деҳаи Зарнисори Ҷамоати деҳоти Чиликул баргузор гардид.
Масъулин роҷеъ ба Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, муҳоҷират, танзими ҷашну маросим пас аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни марбут ба он ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа суҳбати озод анҷом доданд.
Аз ҷумла, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, инчунин инъикоси он дар Паёми навбатии Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳи муфассал баён намуда, таъкид доштанд, ки тамоми ҷидду ҷаҳд ва фаъолияти хастагинопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри он нигаронида шудааст, ки дар кишвари мо фазои орому осоишта ҳукмрон бошад, Ватани азизи мо дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ дастовардҳои азим дошта бошад ва ин ҳама талошу ҷоннисориҳо зиндагии шоистаи шаҳрвандони моро таъмин намоянд.
Намояндаи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия ба таваҷҷуҳи сокинон расонид, ки марҳилаи дуюми озмоиши санҷиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ аз 30 июни соли 2025 оғоз ёфтааст.
Таъкид карда шуд, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ замимаи мобилии ruID дастрасӣ дорад, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд дар портали Хадамоти давлатӣ ҳисоб эҷод кунанд, СНИЛС гиранд ва дар бораи сафари худ ба Федератсияи Россия огоҳинома пешниҳод намоянд.
Инчунин, дар ҳолати пайдо шудани саволҳо дар ин самт шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷорат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

