Кормандони масъули шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”, ки тавассути ҳавопаймо мехоҳанд ба Федератсияи Россия сафар кунанд, идома дода истодаанд.
Дар рафти суҳбат бо шаҳрвандон оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россия сухан ронда, қайд карданд, шахсоне, ки ба ин кишвар сафар доранд, ҳангоми ба фурудгоҳ дохил шудан, ҳатман маълумоти дақиқро бояд донанд. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд дар суҳбат бо кормандони назди сарҳадии кишвари Россия ба саволҳои додаи онҳо ҷавобҳои мушаххас диҳанд. Аз қабили: Барои чӣ, ва чаро ба Федератсияи Россия парвоз кардед (кор?, табобат?, меҳмонӣ?); Дар куҷо истиқомат мекунед дар ФР, суроға; Ҷойи тасдиқи аниқ дошта бошед, дар ҷойи кор, табобат ё суроғаи дигаре, ки ба куҷо меравед, шуморо ки интизор аст ва ғайра.
Ҳамаи ҳуҷҷатҳои мусофират бояд дуруст бошанд ва мувофиқи он аломатгузорӣ карда шаванд. Мусофирон бояд ба таври возеҳ ва дилпурона суҳбатро бо кормандони назди сарҳадии давлати Россия гузаронанд ва маълумоти боэътимодро пешниҳод намоянд. Бояд тазаккур дод, ки суҳбат бо забони русӣ амалӣ мешавад.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ ва ё нофаҳмиҳо нисбат ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, Шумо метавонед ба Сафорату Консулгарӣ ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоед.
Дар хатми суҳбатҳо ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ: Тундагро, экстремист ва террорист киҳоянд ва чаро онро бояд донист? Дар кадом ҳолатҳо шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад?, Китобчаи кисагии муҳоҷири меҳнатӣ, Мо бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) тақсим карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти мухочират

